Бориши барфу борони шадид ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои кӯҳиро ба мушкил рӯ ба рӯ кард. Роҳи мошингарди Рашт-Сариҷар-Сангворро резиши санг ва роҳи Душанбе-Хуҷандро лағзиши тарма муваққатан баст.
Неруҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартараф намудани оқибатҳои барфу боронҳои шадиди рӯзҳои охир дар як қатор ноҳияҳои кишвар равона шудаанд.
Чунончӣ, 26 – уми феврали соли 2018 бар асари боришот дар километри 17-18 роҳи мошингарди Рашт-Сариҷар-Сангвор дар наздикии деҳаи Посуни ҷамоати Чилдараи ноҳияи Сангвор резиши санг ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он роҳ баста гардид.
Кормандони Шуъбаи КҲФ дар минтақаи Рашт ва хадамоти роҳ ба ҷойи ҳодиса расиданд. Барои тоза кардану боз намудани роҳи масдудшуда 3 адад техникаи махсус сафарбар шуд. Дар айни замон корҳо барои бартарафсозии оқибатҳои офат идома доранд.
Соати 20:00 дар километри 69-70 роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд тарма фаромад, ки бар асари он роҳ муваққатан баста гардид. Хадамоти роҳи ширкати IRS бо ҷалби ду адад техника роҳро тоза кард ва ҳоло ҳаркати мошинҳо дубора шурӯъ шудаанд.
Рӯзи 27-уми феврали соли равон наздик ба соати 03:50 субҳ дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар қаламрави маҳаллаи Гулпарвари ноҳияи Шоҳмансури пойтахти кишвар ва деҳаи Сабзаи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ сатҳи оби дарёи Ромит боло рафт ва бар асари он 16 қитъаи наздиҳавлигии сокинон зери об монд.
Кормнадони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе якҷо бо намояндагони хадамоти дахлдори коммуналии ноҳияи Шоҳмансур бо ширкати сокинони маҳаллӣ корҳои тозакунӣ ва соҳилбандӣ гузарониданд.
Дар айни замон оқибатҳои офати табиӣ бартараф карда шудаанд.