Рӯзномаи бонуфузтарини Ховари Миёна — «Ал-Аҳром», ки аз соли 1875 дар Ҷумҳурии Арабии Миср фаъолият дорад, дар бораи фаъолияти террористии ТЭТ ҲНИТ дар Тоҷикистон ва робитаи пинҳонии он бо ДИИШ, «Ҷабҳат ан-Нусра», «Ҷайш-ал-ҳур» (Лашкари озод), «Ихвон-ал-Муслимин» ва дигар ташкилоти экстремистиву террористӣ мақолаи таҳлилӣ нашр намуд. Тавре мушоҳида мегардад, вақтҳои охир оид ба ҷиноятҳои пинҳонии аъзо ва роҳбарияти ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ таваҷҷуҳи ҷомеа бештар шудааст. Ба ибораи дигар, акнун гуноҳу ҷурми наҳзатиҳо ба ҳама халқи ҷаҳон ошкор шудааст.
Байни ду гурӯҳи террористӣ — ҲНИТ ва ДИИШ дар робита ба кумакҳои логистикӣ ва тайёркунии кадрӣ ҷиҳати амалӣ намудани амалҳои террористӣ ҳамкорӣ роҳандозӣ гардидааст. Ин иқдом дар ҳолест, ки теъдоди зиёди аъзои Ҳизби наҳзат дар сафи ташкилоти террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ меҷанганд. Қисмати дигари онҳо таҳти парчами «Ҷабҳат ан-Нусра», «Лашкари озоди Сурия» ва Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ҷангида истодаанд.
Додгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзатро мамнуъ эълон ва онро дар рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ дохил намуд. Ин воқеа баъд аз сар задани амали ҷинояткоронаи инқилоби нокоми аъзои Ҳизби наҳзат бар зидди Ҳукумат сурат гирифт. Ҳизби наҳзат ин амалро бо кумаки собиқ муовини вазири мудофиа, генерал Абдулҳалим Назарзода анҷом додан мехост. Дар асоси Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, ки соли 1997 дар Москва сурат гирифт, А. Назарзода узви фаъоли ҳизб ба шумор мерафт.
Роҳҳо ва гурӯҳҳои махфии навпайдо
Мувофиқи гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар», ТЭТ ҲНИТ аз таҷрибаи ДИИШ истифода бурда, роҳу василаҳои наверо барои ҷалби ҷавонон мавриди истифода қарор додааст. Инчунин, чанд гурӯҳи террористӣ аз ҷониби Ҳизби наҳзат ташкил ёфтааст.
Роҳбарият ва созмондиҳандагони ташкилоти террористии ҲНИТ аз оғози фаъолият(солҳои 70-уми асри гузашта) навъи гуногуни узвият ба наҳзатро ҷорӣ карда буданд, ки ҳоло низ истифода бурда мешавад. Як навъи аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданд, ки дар байни одамон баромад мекарданд ва ташвиқот мебурданд. Солҳои шӯравӣ ин гуна ашхос дар сохторҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ ба корҳои сабук ва ба чашм ноаён (чун посбонҳои нассосҳои обкашӣ, анборхонаву гаражҳо) машғул шуда, дар миёни деҳқонон, ки қисми бештари ҷомеаро ташкил медоданд, шабона ва пинҳонӣ ташвиқот мебурданд. Аз ин гирдоби фалокат муҳоҷирини кории тоҷик, ки дар хориҷи кишвар ва хусусан, дар Аврупо қарор доранд, эмин намондаанд.
Навъи дигари аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданду медиҳанд, ки дар лагерҳои ДИИШ таълим гирифта, бевосита ба содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш, чун қатлу террори шахсони шинохта, одамрабоӣ, одамкушӣ, ғоратгарӣ, роҳзанӣ ҳидоят ва раҳнамоӣ карда мешаванд ва онҳоро ҷанговари наҳзат ном мебурданд. Барои роҳбарияти наҳзати исломӣ муҳим набуду нест, ки одамкушӣ дар кадом ҳолат сурат мегирад, нисбат ба кӣ содир мешавад, бо дасти кӣ ва мусоидати киҳо амалӣ мегардад. Шарт ин буд, ки узви наҳзат будани ҷинояткор ҳатман пинҳон нигоҳ дошта шавад, зеро дар сурати ошкор шудан роҳбарияти ҲНИТ аз онҳо даст мекашад. Аз ҳама ҳайратовар ин аст, ки вақте дастгиршудагон ба забони худ иқрор мекунанд, ки узви ҲНИТ ҳастанду бо супориши пинҳонии роҳбарияти наҳзат ҷиноятро содир кардаанд, баъзе аз аҳли ҷомеа ин суханҳоро нодида мегиранд, бовар кардан намехоҳанд.
ДИИШ ва Ҳизби наҳзати Тоҷикистон аз як реша об мехӯранд. Онҳо аз ақидаи Саид Қутб — пешвои ихвонулмуслимин, ки фикрҳои худро дар китоби «Маолим ала Тариқ» ҷой додааст, истифода мебаранд. Равияҳои «Ҷамоати муслимин», «Такфир», «Ҳиҷра» ва гурӯҳҳои дигар низ аз ҳамин сарчашма неру мегиранд. Ҳамаи онҳо, ки дар фикри барпо намудани «Давлати исломӣ» мебошанд, барои расидан ба мақсад тамоми ваҳшониятро зери парчами дин ва ислом амалӣ месозанд. Ҳарчанд ки «Ислом ба зоти худ надорад айбе». Рафтори ДИИШ дар минтақаҳое, ки зери нуфузи онҳо дар Сурия, Ироқ ва Либия қарор доштанд, равшантарин мисол барои кирдори онҳо мебошад.
Ҷиноятҳои ҳамшакл ва якмуҳтавои ваҳшиёнаи ҳар ду гурӯҳ
Муқоисаи фаъолияти аъзои ДИИШ ва Ҳизби наҳзати исломӣ ҳодисаҳои хунини солҳои 90-уми даврони Иттиҳоди Шӯравиро ба ёд меорад. Ин ҳодиса ба шакли ваҳшиёна якбора дар ду масҷиди минтақаи Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа рух дод. Баъд аз интиҳои намози ҷумъа ғайричашмдошт наҳзатиҳо аз зери ҷомаҳо корду оҳанпораҳоро берун оварда, ба мардуми ҳозиршуда ҳуҷум оварданд. Дар натиҷа, даҳҳо нафар ба ҳалокат расида, чанд нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҳангоми дастгир намудани ҷинояткорон онҳо узвияти худро ба Ҳизби наҳзат иқрор намуданд. Ин амали низомию сиёсии ҳизб ба шумор мерафт. Ҳадаф аз анҷом додани амали террористӣ ба даст овардани нуфузи эмомхатибӣ дар ҳар ду масҷид буд. Аъзои ҳизб мехостанд, ки бо ин роҳ фикру андешаҳои заҳролуди худро дар байни мардум паҳн намоянд.
Моҳи апрели соли 1992, ҳангоми сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, аввалин амали пайравони ҳизб рабудани шахсиятҳои бонуфуз ва озод кардани маҳбусон аз шумори пайравонашон дар минтақаи Туркманистони ноҳияи Вахш буд. Баъзе аз шахсони рабудашуда бар асари азобу шиканҷа ба ҳалокат расиданд. Баъд аз озод намудани ин минтақа садҳо ҷасади порагардида дар таҳхонаи зиндони махфии тобеи ҳизб пайдо гардид. Шахсияти даҳҳо ҷасади порагардида номуайян боқӣ монд. Яке аз саҳнаҳои ваҳшатангези он маҳбас, ки аз амалкардҳои ДИИШ ҳам бадтар ба чашм мерасид, ин буридани узвҳои мардонаи маҳбусон буд. Узвҳои мардона дар ҳар гӯшаи маҳбас ба чашм мерасиданд. Аз ин рӯ, вақте ки ҷиноятҳои ваҳшатноки ДИИШ дар Сурия, Ироқ ва Либия дар телевизорҳо нишон дода мешаванд, мардуми тоҷик рӯзҳои хунини гузаштаро ба ёд меоранд.
Аҷибаш дар он аст, ки Шамсиддин Саидов — яке аз масъулони ин маҳбас ва узви фаъоли маҷлиси сиёсии ҳизб, ҳоло дар кӯчаҳои Аврупо озодона қадам зада, аз минбарҳои баланд аз поймол шудани ҳуқуқи инсон сухан меронад. Ӯ баъд аз нокомии ҳизбаш мехоҳад ҷомеаи ҷаҳониро ба зидди Ҳукумати Тоҷикистон барангезад, зеро ҳизб баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ имкони расидан ба сари қудратро пайдо накард.
Ҳоло тафсилот ва номи бархе аз ширкаткунандагон аз ҷумлаи аъзои Ҳизби наҳзат, ки дар гурӯҳҳои террористӣ дар Ховари Миёна зери шиори «Ҷиҳод дар роҳи Худо» бар зидди ҳукуматҳои «кофир» дар Сурия, Ироқ ва Либия меҷанганд, ошкор гардидааст. Онҳоро дар бетартибиҳои «Баҳори араб» низ истифода бурданд. Дар аввал, қисми зиёди аъзои наҳзатро ба сафи гурӯҳҳои гуногун, ба монанди ДИИШ, «Ҷабҳат ан — Нусра» ва Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон, ки ҳамфикр буданд, тақсим намуданд. Ин «подоши некӣ»-и гурӯҳи «Толибон» маҳсуб мегардид, ки ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба Ҳизби наҳзат кард. Дар он вақт шахсе бо номи Амир Хаттоб, ки аслаш араб буд, ҷангҳои мусаллаҳонаро аз ҷониби Ҳизби наҳзат пеш мебурд.
Ҳоло ин ҷо ному насаби чанде аз наҳзатиёнро, ки дар гурӯҳҳои террористӣ фаъолият мекунанд, ёдовар мешавем.
«Ҷабҳат ан-Нусра»
Тоҷибоев Сайфиддин Маъмурович, соли таваллудаш 1983, зодаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, собиқ сардори бахши ТЭТ ҲНИТ дар ноҳияи Спитамен. Ҳама чорабинии ҳизб дар ноҳияи Спитамен бо кумаки С.Тоҷибоев гузаронда мешуданд. Ҳоло ба сафи ташкилоти террористии «Ҷабҳат ан-Нусра» шомил шуда, аз ҷониби роҳбарияти ин ташкилоти террористӣ амири гурӯҳи ҷамъияти «Ӯзбекон» таъин гаштааст. Ӯ бо ҳар роҳу восита ҷавонони Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба сафи ташкилоти мазкур даъват кардааст. То ба имрӯз дар ҷангҳои Сурия ширкат варзида истодааст. С.Тоҷибоев бародари худ Иброҳими Иномро низ ба сафи ин ташкилот ворид намудааст, ки ҳоло дар Сурия қарор дорад.
ДИИШ
- Шералиев Фаромуз Абдувалиевич, соли таваллудаш 1975, зодаи деҳоти «Понғоз»- и ноҳияи Ашт, солҳои 1992 — 1994 дар мадрасаи динии шаҳри Душанбе таълим гирифтааст. Дар мадрасаи «Мутавассила»-и шаҳраки Шаҳидони ноҳияи Ашт ҳамчун муаллим кор карда, соли 2004 ба сафи ТЭТ ҲНИТ шомил шудааст. Номбурда бо пешниҳоди бародараш Шералиев Абдуманнон Абдувалиевич, соли таваллудаш 1973 ба ҳизби мазкур шомил шудааст. А. Шералиев айни замон дар Украина қарор дошта, барои сомонаи ТЭТ ҲНИТ мақола менависад. Дар мақолаҳояш ҷараёни салафияро тарғиб менамояд. Шералиев Фаромуз соли 2014 ба ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ» шомил шуда, то соли 2016 дар сафҳои он ҷангида, соли 2016 ба ҳалокат расидааст. Ҳамсар ва фарзандонаш дар Ироқ қарор доранд ва бо А. Шералиев дар алоқа мебошанд.
- Ғайратов Муҳаммадҷон Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1986, зодаи шаҳри Кӯлоб, бо тахаллусҳои «Муҳаммад-таке», «Кабуд» ва «Абдусамад» машҳур аст. Узви ТЭТ ҲНИТ буда, соли 2010 бо кумаки молиявии амакаш Ғайратов Абдусамад Исмоилович барои таҳсили динӣ ба шаҳри Зоҳидони ҶИЭ фиристода мешавад. Номбурда баъди каме таҳсил дар ҶИЭ барои идома додани он ба ҶИП меравад. Сипас, ба Сурия рафта, ба сафи ташкилоти террористии ДИИШ мепайвандад. То ба ҳол дар сафи ташкилоти мазкур ҷангида истодааст. Инчунин, ӯ тавассути саҳифаҳои интернетӣ наворҳои ифротгаройиро паҳн карда, ҷавонони тоҷикро ба «ҷиҳод» даъват менамояд.
Лашкари озоди Сурия
Кумакҳои артиши озодихоҳи Сурия, ки аз ҷониби кишварҳои бонуфузи минтақа дастгирӣ меёбад, ба Ҳизби наҳзат низ расидааст. Табаров Мирзоҷума Иброҳимович, соли таваллудаш 1988, зодаи ноҳияи Нуробод аз ҷумлаи ҳамсафони ин гурӯҳ аст. Ӯ бо ташаббуси падараш соли 2009 ба мадрасаи ба номи «Бадриддин Ҳасанӣ»-и шаҳри Димишқи Ҷумҳурии Арабии Сурия дохил шуда, то соли 2012 таҳсил кардааст. Ҳангоми таҳсил дар Сурия ба иттиҳодияи ҷиноятии «Ҷайш-ал-ҳур» (Лашкари озод) шомил шуда, баъди баргаштан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғи ақидаҳои ин иттиҳодияи ҷиноятиро ба роҳ мондааст. Соли 2017 бо ҷурми таблиғи иттиҳодияи ҷиноятии «Ҷайш-ал-ҳур» боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.
Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон
- Мамадшехова Шоиста Зикриллоевна, соли таваллудаш 1977, зодаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, собиқ раиси бахши занони ТЭТ ҲНИТ дар ноҳияи Спитамен. Номбурда аз ҷониби аъзои ташкилоти террористии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон Фаррух Шодмонов ба сафи ин ташкилот ҷалб шуда, ҳамроҳи ду фарзандаш Ӯринов Ҷавоҳир, соли таваллудаш 1999 ва Ӯринов Бегзод, соли таваллудаш 2003 ба Вазиристони шимолии Ҷумҳурии Исломии Покистон (аъзои ҲИУ дар он ҷо қарор доранд), рафтааст.
- Ризвонов Абдулвоҳид Аъзамович, соли таваллудаш 1985, зодаи шаҳри Роғун, собиқ узви фаъоли ТЭТ ҲНИТ. Номбурда солҳои 2008 то 2010 дар мадрасаи «Таҷдид-ул-Қурой»-и шаҳри Зоҳидони ҶИЭ таҳсил намудааст. Соли 2016 бо ҷурми пайравӣ, таблиғ ва узвият ба ҷараёни салафия боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.
- Исоев Умед Ҳабибович, ки масъули қисми даъват дар гурӯҳи «Толибон» ба шумор меравад, соли 1985 дар шаҳри Роғун таваллуд ёфта, узви фаъоли ТЭТ ҲНИТ мебошад. Номбурда солҳои 2008 — 2009 дар мадрасаи «Таҷдид ул — Қурой»-и шаҳри Зоҳидони ҶИЭ таҳсил намудааст. Узви ташкилоти экстремистии салафия шуд. Соли 2016 бинобар узвият ба ин ташкилот боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.
БОЗЧОП аз Рузномаи «Садои мардум» №21 (3815) 17.02.2018
Таҳия аз нашрияи
«Ал-Аҳром»-и Миср