Бар асоси Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи умуиҷаҳонии озуқаи СММ аз 19-ум то 23-уми феврали соли 2018 дар Дастгоҳи марказии КҲФ давраи омӯзишӣ барои кормандони Маркази Иттилоотӣ ва таҳлилии Кумита роҳандозӣ шуд.
Дар ҷараёни дарсҳо шунавандагон бо ёрии мураббии пуртаҷриба аз Миср бо истифода аз барномаи махсуси «Esri Arc GIS» омӯзиш диданд. Ин барнома имкон хоҳад дод ҷамъоварӣ ва идораи маълумот муваффақона пеш равад, таҳлилҳо дақиқ бошанд, харитаи маҳал таҳия шавад ва ҳамаи ин дар як низоми муносиби вақт анҷом бигирад.
Барои таҳкими дарсҳои назариявӣ дарсҳои амалӣ низ гузаронида шуданд ва дар ин дарсҳо ширкаткунандагон бо ёрии барномаи омӯхтаи худ харита сохтанд.
23-уми феврал маросими пӯшидашавии дарсҳо баргузор шуд ва ба хатмкунандагони давраи омӯзишӣ шаҳодатномаҳо супурда шуданд.
Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, ки дар ин маросим ширкат дошт, ба ташкилкунандагони дарсҳои омӯзишӣ изҳори миннатдорӣ кард ва зикр намуд, ки таҷриба ва малакаҳои ҳосилшуда аз ин дарсҳо ба фаъолияти ҳаррӯзаи кормандон амалан кӯмак хоҳанд расонд.