Дар остонаи ҷашни 25-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун баргузор шуданд.
Чунончӣ, дар қисми ҳарбии мустақар дар вилояти Суғд роҳбарони қисм якҷо бо раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят мусобиқоти варзишии футбол, волейбол, бозиҳои гимнастикӣ, давидан ба масофаи 100 метр ва ҷаҳидан ба дарозӣ гузаронида шуд.
Дар қисми тантанавии ин мусобиқот фармондеҳи қисми ҳарбӣ, полковник Ф.Назарзода ширкат ва суханронӣ кард. Вай аз ҷумла гуфт: “Роҳандозии чорабиниҳои гунгуни муштарак одамонро ба ҳам меорад ва дӯстиву рафоқат миёни инсонҳоро тақвият мебахшад. Бахусус, варзиш, ки худ қосиди суботу амният аст, боиси он мегардад, ки инсонҳо бо ҳам боз ҳам наздиктар шаванд”.
Ба сарбозоне, ки дар ин бозиҳо ҷойҳои аввалро ишғол карданд ва хуб ҳунарнамоӣ доштанд, ҷоизаҳои хотиравӣ ва медалҳо супурда шуданд.
Ҳамчунин дар доираи ҷашнвораи рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар қаламрави вилоят мусобиқаи варзишии ҷанги тан ба тан баргузор шуд, ки дар он тими қисми ҳарбии КҲФ ширкат варзид ва ҷойҳои дуюм сеюмро ишғол намуд.