Роҳҳои хатарнок зарфи ду рӯзи оянда: мардум бояд эҳтиёт кунанд!

Ду рӯз борону барф сафар дар роҳҳои куҳистонро хатарнок мекунад. Эҳтимоли лағзиши тармаву аз сардӣ ях бастани роҳҳо зиёд аст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сокинон ва меҳмонони кишварро ҳушдор медиҳад: АЗ САФАРҲОИ БЕЗАРУРАТ ХУДДОРӢ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи  сокинон ва мемонони кишвар мерасонад, ки аз сабаби боришот рӯзҳои 20-21-уми феврали соли 2018 дар роҳҳои мошингарди  Душанбе-Айнӣ, Душанбе-Сангвор, Хоруғ-Ишкошим эҳтимоли лағзиши тарма, ғарам шудани барф ва яхбандӣ зиёд аст. 

Дар ҳамин иртибот Кумита аз аҳолӣ ва меҳмонони мамлакат хоҳиш мекунад ҳангоми истифода аз роҳҳои номбурда хеле ва хеле эҳтиёткор бошанд.

Хуб мешуд агар бидуни зарурат дар ин рӯзҳо сафар намекарданд, таъхир дар сафар дар роҳҳои бӯронӣ ва барфиву яхбаста ба манфиати кор аст, таъмини бехатарист.

Бахусус, ронандагон агар сафар ҳам мекунанд, бояд суръати ҳаракатро боло набаранд, масофа миёни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд, омодаи ҳар гуна рӯйдоди эҳтимолӣ бошад. 

ЭҲТИЁТ ИН ҲИФЗИ ҲАЁТ АСТ!