Дар ноҳияи Шаҳринав ҷаласаи ноҳиявии комисся оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ таҳти сарварии Нусратулло Аюбзода-сарвари комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия баргузор шуд.
Дар ҷаласа аъзои комисссия, роҳбарони ҷамоатҳо ва кормандони хадамоти гуногуни салоҳиятдор ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ширкат намуданд.
Масъалаҳои омодагии неруҳо ва воситаҳои ноҳия барои баргузории чорабиниҳо оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда дар давраи соли 2018 ва ҳолати техникии иншоотҳои гидротехникӣ баррасӣ шуд.
Да ҷараёни ҷаласа схемаи хабардорсозии аҳолӣ нав карда шуд, амалҳо барои интиқол дақиқтар ва ҷойи интиқоли муваққатии одамон ва ҳайвонот муайян карда шуд, роҳу воситаҳои таъмини одамон бо маводи хӯрока, маводҳои хушк, хӯроки чорво муайян карда шуданд. Барои интиқоли одамон ба минтақаҳои амн дар назди маъмурияти ноҳия бригадаҳои зудамал таъсис шуданд.
Ҳамзамон масъалаи муайян намудани ҷой барои истироҳату фароғати умумӣ, сайёҳӣ ва варзиш дар иншоотҳои обӣ ва хоҷагиҳои обии ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар масъалаҳои баррасишуда ба сохторҳои дахлдор супоришҳо ва дастурҳои мушаххас дода шуданд.