Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози як фитнаи нави сиёсӣ ҷомеаи кишварро ҳушдор дод ва таъсиси «Анҷумани озодандешони тоҷик” дар хориҷро “гургон дар пӯсти меш” номид. Ахиран ҳамин гуна як маҳфиле дар хориҷи кишвар таъсис шудааст ва ҳадаф дорад бо муколамаву мулоҳиза тухми фитна дар мамлакат корад. Соҳибназарон мегӯянд дар садри ин анҷуман боз ҳамон Ҳизби мамнуъшудаи Наҳзати исломӣ қарор дорад. Мақолаи Маркази исломшиносӣ, ки ахиран дар сомонаи “Ховар” интишор ёфтааст, дар ин шакл аст:
Шунидам гӯспандеро бузурге
Раҳонид аз даҳону дасти гурге.
Шабонгаҳ корд дар ҳалқаш бимолид,
Равони гӯспанд аз вай бинолид:
Ки аз чанголи гургам даррабудӣ,
Чу дидам оқибат худ гург будӣ.
(Саъдӣ)
Чанд рӯз аст, ки расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи таъсиси ташкилоти наве бо номи «Анҷумани озодандешони тоҷик» хабару ҳангомаҳои зиёд паҳн мекунанд. Рӯйхати аъзои фаъоли он аз тариқи баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ муаррифӣ мешавад ва ин тоифа бо ҳар роҳу васила мехоҳанд фикру андешаи тундрави худро дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла насли ҷавони он бо мазмуни куҳна, вале дар тарҳи нав таҳмил намоянд. Ҳадаф аз созмон додани ин ташкилот чист? АМИТ «Ховар» бо ин суол ба Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд. Дар зер изҳороти ин Марказ оварда мешавад:
Дафъатан ба таваҷҷуҳи мардуми шарифи Тоҷикистон мерасонем, ки муассисони ин ташкилоти нав ҳадафҳои нопокро пайгирӣ мекунанд. Барои дуруст дарк намудани аҳдофи пинҳонӣ ва бӯқаламунии ин тоифаи ба таъбири Хоҷа Ҳофиз «навдавлатон» (ин истилоҳ ба маънои ташкилоти куҳна дар либоси нав фаҳмида шавад – МИ) ба хотири «дар хари худшон» нишонидани онҳо барои шаҳрвандони кишвари азизамон донистани се матлаби асосиро ниҳоят муҳим мешуморем.
Якум. Расонаӣ кардани тағйири ном (re-brending) аз ҷониби саркардагони Ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва дигар гурӯҳҳои ҳаммаслаки онҳо далели нокомии ин ҳизби мамнӯъшуда дар фазои иттилоотии дохил ва хориҷи кишвар аст. Бояд ёдовар шуд, ки пешниҳод дар бораи ҳамчун ниҳоди сиёсӣ тағйири ном кардани ин ҳизб аз ҷониби нерӯҳои созандаи ҷомеаи Тоҷикистон қаблан матраҳ шуда буд. Вале роҳбарияти сиёсии ҲНИТ ин машваратҳоро қатъан қабул намекарданд, зеро ки бо суиистифода аз боварҳои динии мардум мехостанд манфиатҳои сиёсии худро таъмин намоянд. Аз ҷониби дигар, сармоягузорон ва хоҷагони хориҷӣ ба онҳо иҷозати берун омадан аз сифати «исломӣ»-ашонро намедоданд, зеро тамоми барномаҳое, ки фаъолияти густурдаи онҳоро роҳандозӣ мекард, «машориъун исломиятун» (лоиҳаҳои исломӣ) ном дошт. Яъне бо фазлфурӯшӣ кардани арзишҳо ва муқаддасоти дини мубини ислом онҳо мехостанд дастовардҳои ройгони истеблишменти сиёсиро касб намоянд.
Дуюм. Ҳамин гуна пасманзари идеологӣ акнун дар матни воқеияти сиёсии Аврупо арзиши чандоне надорад. Ин раванд пас аз шиддат гирифтани тундравӣ ва ифротгароии «исломӣ» дар чандин кишварҳои Ховари Миёна ва интиқоли фаъолиятҳои террористӣ дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо тавони корбурдии худро аз даст дод. Аз ин рӯ, ҳамин қабил ҳаракату ташкилотҳо саъй менамоянд, ки аз тариқи тағйири лаҳни гуфтор ва шиорҳо асли зишту палиди худро бо кемухт рӯйпӯш намоянд. Ва боз дастандаркоронаш умед доранд, ки рози пинҳони амалкарди сиёсии онҳо ошкор нахоҳад шуд. Вале ҳайҳот, ҳайҳот!!! «Инро ба касе гӯ, ки туро нашносад». Агар аз нигоҳи иқтисодии масъала ба тағйири ном кардани ин тоифа назар андозем, пас ошкор мегардад, ки бо бренди номгузории «исломӣ» ноил шудан ба дастгирии молиявӣ аз ҷониби бунёдҳои манфиатдор имконнопазир гаштааст. Ин мушкилӣ борҳо дар нишасту ҳамоишҳои мухолифин, ки дар Варшава, Вена ва дигар шаҳрҳои аврупоӣ баргузор шуданд, бо изтиробу нигаронӣ баён гардидааст.
Сеюм. Акнун «ба чашми хирад» номи пешниҳодшудаи нави «Анҷумани озодандешони тоҷик»-ро бинигарем, – оё сурати он ба сираташ мувофиқ аст ё на? Агар дар номгузории қаблӣ вожаи «наҳзати исломӣ» василаи ба доми фиреб афтодан бошад, акнун ин тӯдаи бе банду баст мехоҳанд бо суиистифода аз қадосати «андеша» ва ғурури миллии «тоҷик» доми тазвири нав созанд. Бад-ин васила онҳо ду мақсадро пайгирӣ мекунанд: аввалан, мехоҳанд қишрҳои ноогоҳ ва насли ҷавони ҷомеаи тоҷикро дубора ба бунбасти гумроҳӣ кашанд; сониян, Иттиҳоди Аврупоро ба дунявӣ будани андешаҳои сиёсиашон бовар кунонанд. Аз ин лиҳоз, дар фарҷоми сухан месазад ҳушдори инҷилии ҳазрати Исо, алайҳи-с-саломро ёдовар шавем, ки гуфтааст: «Аз пайғамбарони бардурӯғ эҳтиёт кунед, онҳо ба назди шумо ба намоди гӯсфандони беозор меоянд, аммо дар ботин гургони дарранда ҳастанд» (Инҷили Матто, 7:15).
Маркази исломшиносӣ дар назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: “Ховар”