Ҳайати Прокуратураи ҳарбӣ аз ҷониби ҷонишини Сарпрокурори ҳарбӣ, полковник Муҳаммадалӣ Алимардонзода сарварӣ мешуд. Дар ин мулоқот роҳбарон ва ҳайати шахсии Кумита ширкат намуданд.
7-уми феврали соли 2018 дар доираи барномаҳои баланд бардоштани малакаи касбӣ ва омодагиҳои ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо ҳайати Прокуратураи ҳарбии Тоҷикистон оид ба шарҳи нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ баргузор шуд.
Дар нишаст самтҳои асосие, ки дар Паёми Пешвои миллат омадаанд, аз ҷумла дар бораи нақши хизматчиёни ҳарбӣ дар рушди минбаъдаи кишвар, оид ба пешгириии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо, оқибатҳои ҳалокатбори экстремизм ва терроризм шарҳ дода шуданд.
Ҳайати Прокуратураи ҳарбӣ аз ҷониби ҷонишини Сарпрокурори ҳарбӣ, полковник Муҳаммадалӣ Алимардонзода сарварӣ мешуд. Дар ин мулоқот роҳбарон ва ҳайати шахсии Кумита ширкат намуданд.
Дар суханронии худ Муҳаммадалӣ Алимардонзода зикр намуд, ки “сиёсати давлати мо пеш аз ҳама ба баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ равона шудааст. Мо чун ҳимоятгарони Ватан бояд ҳама талошамонро ба кор барем, то аз экстремизм ва террозим ҷилавгирӣ ба амал орем”.
Дар поёни мулоқот Ҷонишини аввали Раиси Кумита, генерал-майор Рустам Шоҳиён ба ҳайати Прокуратураи ҳарбӣ барои суҳбати фарогиру пурмуҳтавояшон изҳори ташаккур кард ва ҳамзамон аз ҳайати шахсӣ даъват намуд, ки қарзи ҳарбии худро аз рӯйи виҷдон адо кунанд ва дар кори таҳкими қонуният ва роҳ надодан ба зуҳуроте аз қабили экстремизм ва терроризм саҳми худро гузоранд.