ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ ГАРАВИ РУШДИ УСТУВОРИ КИШВАР

ИФРОТГАРОӢ

Дар шароити муосири густариши босуръати раванди ҷаҳонишавӣ ҳар як миллату давлат барои ҳифзи манфиатҳои миллии худ талош меварзад. Дар ин масир ҷавонон, ки қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб мешаванд, нақши аз ҳама муҳимро дар пешрафту тараққиёти ҳар як давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иҷро мекунанд. Дар пешрафту тараққиёти Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол низ ҷавонони боору номуси тоҷик нақши бузургу созанда доранд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсола ва вохӯрию мулоқотҳои худ бо аҳли ҷомеа ҷавононро нерӯи бузурги бунёдгару ободкунандаи Ватан дониста, халли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ мекунанд. Аз маълумоти навини оморӣ чунин натиҷа гирифтан мумкин аст, ки шумораи умумии наврасону ҷавонон – шаҳрвандони то 30-солаи Тоҷикистон беш аз 5 миллион нафар, яъне 70 фисади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои камолоти ҳамаҷонибаи ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси шаҳрвандию ватандӯстӣ, ҳомили ахлоқу фазилатҳои неки инсонӣ ва соҳиби илму ҳунар ва касбу пешаҳои муфид шудани онҳо шароити мусоидро фароҳам овардааст. Конститутсия ва қонунҳои демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон таъмини тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандию инсонии онҳоро кафолат медиҳанд. Мутаассифона, дар ҷаҳони муосир омилҳои хатарноку фаро¬мил¬лие вуҷуд доранд, ки дар сурати муборизаи беамону муташаккилона набурдан бар зидди онҳо метавонанд ҷавонон ин қувваи бузургро аз шоҳроҳи созандагию бунёдкорӣ берун кашида, онҳоро ба ҳаракатҳо ва созмонҳои ғайрисуннатию ифротии динӣ бипайванданд. Бояд тазаккур дод, ки чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро на танҳо дар байни мусулмо¬нон, балки дар байни насрониҳо ва пайравони динҳои дигари чаҳонӣ низ вуҷуд доранд ва рафтори онҳо аслан бо усулу ақоид ва ҷавҳари таълимоти ҳеҷ як дин ё мазҳаби суннатӣ мувофиқ нестанд. Баръакс, ҳамаи онҳо бо таълимотҳои бунёдии худ ихтилофи ҷиддӣ доранд ва танҳо барои татбиқи манфиату ғаразҳои сиёсию моддии худ аз шиорҳои динӣ истифода мебаранд. Дар замони муосир зуҳуроти ифротгароии динӣ ҳамчун як падидаи хатарноки динию сиёсӣ хусусияти глобалӣ гирифта, ба амнияти миллии тамоми давлатҳои соҳибистиқлол таҳдид менамояд. Бинобар ҳамин, барои аз байн бурдани ин падидаи хатарнок ҳамоҳангӣ ва ҳамкории фаъолонаи кишварҳо дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бештар зарур шуморида мешавад.  

Зимни ташхису муайян кардани омилҳои ифротгароии динӣ ва сабабҳои густариши он дар байни бархе аз ҷавонони тоҷик дар назар доштан лозим аст, ки зуҳуроти ифротгароӣ барои фарҳанги миллию динии сокинони кишварамон, ки аксаран пайрави мазҳаби таҳаммул-парвари ҳанафӣ мебошанд, раванди тамоман бегона ва ноошно мебошад. Моҳияти ғояи ифротгароии динӣ чунин аст, ки он мафҳумҳо ва арзишҳои диниро аз мафҳумҳо ва арзишҳои миллию умумибашарӣ ҷудо намуда, онҳоро бо ҳам сахт муқобил мегузорад. Дар натиҷа ин зуҳурот боиси густариши терроризм ва ифротгароии динӣ дар байни пайравони дину мазҳабҳои гуногун гардида, дар айни замон барои ҳар як кишвари миллии дар роҳи таҳкими истиқлолияти давлатӣ аз тариқи ташаккули худшиносии миллӣ мушкилот эҷод менамояд. 

Мубаллиғони асосии ифротгароии динӣ шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои сиёсие мебошанд, ки зери ниқоби ислом баромад мекунанд, баҳри амалӣ кардани ниятҳои нопоки худ мафкураи ҷавононро заҳролуд ва мағзшӯӣ намуда, ғояҳои дини мубини исломро аз нигоҳи ғаразноки худ шарҳ медиҳанд. Бад-ин васила онҳо ҷавононро ба вартаи ифротгароию хурофотпарастӣ, бадахлоқию ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои зишту харобкорона ҷалб менамоянд. Ба ақидаи коршиносони масоили динӣ ва сиёсӣ ифротгароии динӣ вабои аср ва бемории сирояткунандаест, ки табобати он мисли табобати нашъамандӣ ниҳоят мушкил аст. Аз ин рӯ, илоҷи ин падидаи хатарнокро пеш аз ба вуқӯъ пайвастани он ҷустан ва онро пешгирӣ кардан зарур мебошад.  

Яке аз роҳҳои муфиди пешгирикунандаи падидаи ифртгароии динӣ – таблиғи ғояҳои неку таҳаммулпазири ахлоқию иҷтимоии мазҳабҳои суннатии динии Тоҷикистон дар байни пайравони ин мазҳабҳо аз тарафи рӯҳониёну намояндагони равшанфикр мебошад. Тавре маълум аст, дар Тоҷикистон ба ғайр аз мусулмон (асосан пайравони мазҳаби ҳанафӣ ва таълимоти исмоилӣ) инчунин пайравони мазҳабҳои католикӣ, правос¬лавӣ ва протестантии дини насронӣ низ зиндагӣ мекунанд, ки ҳамаи онҳо ба гурӯҳи ақаллиятҳои динӣ шомил мешаванд. 

Қисми бештари онҳо пайравони мазҳаби православӣ (бештар русҳо) мебошанд ва ташкилотҳои онҳо аз тарафи мақомоти дахлдор сабти ном гардида, озодона фаъолият мекунанд. Православҳои маскуни Тоҷи¬кис¬тон барои иҷрои маросими динӣ дар ихтиёри худ шаш ибодат¬гоҳ доранд. Маркази идораи православҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, дар хиёбони Дӯстии халқҳо ҷойгир шудааст. Ибодатгоҳи асосии онҳо – Калисои ҷомеи Николайи валӣ ба шумор меравад. Ба ғайр аз ин, дар шаҳраки ҳарбии дивизияи 201 нерӯҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия, инчунин дар шаҳрҳои Турсунзода, Хуҷанд, Чкаловск ва Қӯрғотеппа панҷ ибодатгоҳи православӣ амал мекунанд. Дар айни замон сарварии православҳои Тоҷикистонро епископ Питирим ба уҳда дорад, ки яке аз ташаббус¬корони анъанаи ҳамкории мазҳабҳои суннатии исломию насронӣ дар тарбияи неку созандаи ахлоқию иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандии ҷумҳурии мо мебошад.

Мазҳаби дигари насронӣ, ки дар Тоҷикистон пайравони нисбатан зиёд дорад, мазҳаби протестантӣ ба шумор меравад. Шумораи умумии пайравони фирқаҳои гуногуни протестантизм дар Тоҷикистон тақрибан аз 9 то 12 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, 4,7 ҳазор нафари онҳо пятидесятникҳо (пайравони ҳаракати кореягии «Сонмин Сунбо¬гим» ва фирқаи просвитериании миссияи «Сонмин Грейс»), 1,5 ҳазор нафар пайравони фирқаҳои адвентистӣ, баптистӣ ва лютеранӣ мебошанд.

Илова бар ин, дар қаламрави Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Чкаловск ибодатгоҳҳои пайравони мазҳаби католикӣ вуҷуд доранд. Мазҳаби католикӣ дар Тоҷикистон баъд аз хотимаи Ҷанги Бузури Ватанӣ тавассути асирони олмонӣ пайдо шудааст. Умури динии католикҳои Тоҷикистонро 5 рӯҳонии католик идора ва роҳбарӣ мекунанд. 

Бояд тазаккур дод, ки дар байни пайравони мазҳабҳои суннатии исломӣ ва насронӣ ҳанӯз аз замони шӯравӣ робитаи ҳасана, таҳаммулпазирӣ, ҳамкорӣ ва ширкати фаъолона дар тарбияи ахлоқии ҷомеа ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ин нуқтаи назар, рӯҳониён ва уламои маъруфи исломӣ ва насронӣ дар кори пешгирӣ кардани хатари ифротга¬роии динӣ нақши муҳимеро иҷро карда метавонанд. Онҳо бояд ҳамеша ба ҷавононро хотиррасон кунанд, ки фирефтаи ҳаракатҳои ифротгарои динӣ нашаванд, зеро намояндагони ин ҳаракатҳо дину мазҳаб надоранд ва мақсади ниҳоии онҳо дар зери ниқоби динӣ амалӣ кардани ғаразҳои нопоки худ ва ноором сохтани фазои якдигарфаҳмии ҷомеа аст.  

Мутаассифона, баъди расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо ба ғайр аз мазҳабу фирқаҳои дар боло зикршудаи исломӣ ва насронӣ якчанд фирқаҳои дигари ғайрисуннатии динӣ, ба мисли Ҳизбу-т-таҳрир, Салафия, Ваҳҳобия, Шоҳидони Яҳво ва ҳамин қабил ҳаракатҳои тундрав ва ифротгарои динӣ-сиёсӣ низ роҳ ёфтанд. Фаъолия¬ти ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва фирқаҳои ифротгаро дар кишвар бо қарорҳои Суди Олии Тоҷикистон ғайриқонунӣ ва мамнӯъ эълон карда шудааст. Сабаби манъ кардани фаъолияти ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайрисуннатии динӣ дар он аст, ки онҳо дар байни пайравони мазҳабҳои суннатии кишварамон ихтилофу зиддиятро ба вуҷуд оварда, ҷомеаро ба гирдоби бӯҳронҳои сиёсиву иҷтимоӣ кашиданӣ мешаванд, якпорчагӣ ва амнияту ваҳдати миллии Тоҷикистони соҳибистиқлоро зери хатар мегузоранд.  

Аммо ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарои динӣ баъди мамнӯъ ва аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун шуданашон низ аз ниятҳои нопоки худ даст накашида, то имрӯз бо ҳар роҳу василаҳои ғайриқонунӣ пинҳону ошкоро дар байни ҷавонони кишвар тарғибу ташвиқи ғояҳои ифотгароёнаи худро тавассути таъсиррасониҳои расонаиро идома дода истодаанд. Тавре аз васоити ахбор огаҳӣ дорем, дар ҳудуди баъзе аз киш¬вар¬ҳои ҷангзадаи мусулмонӣ ҷараёнҳои хатарноки динӣ озодона амал мекунанд ва онҳо бо роҳу воситаҳои гуногун мехоҳанд идеологияи экстремис¬тии худро дар дигар кишварҳо паҳн кунанд ва ҷавонони ба доми фиреб афтодаро ба ҷиҳоди дурӯғин ва амалҳои террористӣ ҷалб намоянд. Дар айни замон ифротгароён таълиму тадриси бархе аз илмҳои дақиқ, ба мисли химия ва физикаро инкор менамоянд, ки ин аслан хилофи таълимоти Қуръону суннат мебошад. Пайғамбари ислом дар ҳадисҳои худ омӯхтани ҳама гуна илму донишҳои заруриро таъкид кардааст, ки ифодаи ниҳоии онҳо дар таъбири «аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй» ҷамъбаст мегардад ва маънои аз худ кардани ҳама гуна илмҳоро фаро мегирад. Дар ин самт барои бартараф кардани хатари ифротгароӣ таҳкими низоми таълиму тарбия ва мактабу маориф хеле муҳим мебошад. Вазъияти мураккаби ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки ҳap як фарди ҷомеа, хусусан ҷавонон бояд соҳиби дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд. Омӯзгорон ва мутасаддиёни шуъбаҳои маорифро зарур аст, ки якҷоя фаъолият намуда, дар зеҳну шуури ҷавонон бартарияти соҳиби касбу ҳунар буданро талқин намоянд, ки омили муҳими ифротзудоӣ мебошад.   

Дар кори пешгирӣ ва фаҳмондадиҳӣ аз амалҳои номатлуб баробари мактабу маориф нақши оила, ВАО ва ҳамаи ниҳодҳои ҷамъиятию давлатӣ низ дар таълиму тарбияи насли наврас бағоят бузург аст. Дар ин самт алалхусус баргузор намудани вохӯрию мулоқот бо иштироки донишҷӯён, хонандагон, фаъолони ҷомеа ва дуруст баҳогузорӣ намудани хатари падидаҳои доғи ҷаҳони муосир, ба монанди терроризм, экстремизм ва муборизаи бар зидди онҳо ба манфиати кор аст. Ҷиҳати тарбияи  шаҳрвандон дар рӯҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ аз матбуоти даврӣ, телевизион, радио ва интернет самаранок истифода бурдан тақозои давру замон аст. Зиёд кардани пахши барнома¬ҳои махсуси тарбиявӣ-идеологӣ ва шарҳи масоили мубрами вазъияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар шабакаҳои телевизиону радио ҷаҳонбинии ҷавононро васеъ намуда, дарки дурусти хатарҳоро осон мегардонад.

Ба андешаи мо, омили муҳими эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз афтодан ба доми тори анкабутии макру фиреби ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар рӯҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ тарбия намудан ва ба кору фаъолияти бунёдкорию созанда ҷалб кардани онҳост. Дар ин самт ташкили пешниҳоди ҷойҳои холии корӣ аз тариқи озмунҳо ва тарғиби варзиш дар байни ҷавонон хеле муҳим мебошад. Боиси хушнудист, ки солҳои охир ҷавонони тоҷик дар ҳама гуна озмунҳои тахассусӣ ва мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Бо шарофати пирӯзиҳои варзишга¬рони ҷумҳурӣ ҳар сол чандин маротиба парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гӯшаву канори олам баланд барафрохта мешавад, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст.

Масъалаи пешгирӣ ва мубориза бо ифротгароӣ ва экстремизми динӣ-сиёсӣ вазифаи танҳо ниҳодҳои дахлдор нест, балки тамоми шаҳрвандон бояд дар ин кор саҳм бигиранд. Самаранокии мубориза бо падидаҳои хатарнок дар бисёр ҳолатҳо ба риояи талаботи қонунҳое, ки тарғибу ташвиқи барангехтани кинаву адовати миллӣ, низои иҷтимоӣ, нажодӣ ва диниро манъ мекунад, вобаста аст. Насли ҷавонро бояд тарзе раҳнамоӣ кунем, ки ҳикмати ба нафъи халқу Ватан ва ояндаи неку дурахшони он меҳнат карданро эҳсос намоянд ва дар таҳкими сулҳу ваҳдат, тақвияти дастовардҳои истиқло¬лият ва давлатдории миллӣ мухлисона ширкат варзанд. Онҳоро зарур аст, ки дар пешрафту шукуфоии кишвар саҳмгузор бошанд ва баҳри ҳифзи якпорчагии Ватани азиз сина сипар созанд. Ин андешаи ватандӯстона дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барҷаста ифода гардида буд: «Шаҳрван¬дони кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расанд ва ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд». Ин дастури Пешвои миллат дар кору фаъолияти насли ҷавони ҷумҳурӣ ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард. 

Хоҷаев Камолиддин
сармутахасcиси Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

барчасп: