Соли гузашта роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 40 нишасту вохӯриҳо бо сафирони кишварҳои пешрафтаи олам ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ доир намуд.
Раиси Кумита дар мулоқоташ бо хабарнигорон лаҳзае пеш гуфт, ки бо мақсади ба ҳам овардани кӯшишҳо дар пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҳамкориҳо бо давлатҳо ва созмонҳои дахлдорро инкишоф медиҳад ва тақвият мебахшад. Бо назардошти муҳим будани ҳамкориҳо дар ин самт Тоҷикистон фаъолона ба татбиқи ташаббусҳое, ки ба густариши майдони ҳуқуқӣ ва таҳкими иртиботҳои мавҷудаи байнидавлатӣ равона шудаанд, мусоидат мекунад.
Дар соли 2017 бо мақсади рушди минбаъдаи соҳа, мустаҳакам намудани заминаи модию техникӣ, омӯзиш ва бозомӯзии наҷотдиҳандагон, тақвият бахшидани равобити дуҷониба ҷиҳати паст кардани хавфи офатҳои табиӣ роҳбарияти Кумита зиёда аз 40 нишасту вохӯриҳо бо сафирони кишварҳои пешрафтаи олам ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ баргузор намуданд. Натиҷаи чунин вохӯрӣ ва ҳамкориҳои судманд буд, ки Кумита соли сипаришуда як қатор кумакҳои техникии башардӯстонаро дастрас намуд.
Аз ҷумла, дар асоси Барномаи «Фонди Трастӣ»-и Федератсияи Россия 12 адад ва лоиҳаи кӯмаки техникии Ҳукумати Ҷопон 19 адад техникаҳои махсус, таҷҳизот ва дигар лавозимоти соҳавӣ ба Кумита супорида шудаанд. Дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумита ва Фонди Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ сохтмони бинои 3-ошёна дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита оғоз гардида, айни замон дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар доираи ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия 40 тонна ва аз Ҷумҳурии Узбекистон 70 тонна борҳои башардўстона аз масолеҳи сохтмонӣ ба ҷумҳурӣ ворид гардид.
Генерал Назарзода ҳамчунин гуфт, ки соли сипаришуда бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркманистон “Оид ба соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда”, Меморандуми дуҷониба бо Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид ва Ташкилоти байналмилалии ОКСФАМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.
Ҷиҳати татбиқи тавсияҳои Барномаи қолабии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030, 31 марти соли 2017 дар Душанбе мулоқоти роҳбарони идораҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ҳамин замина ҳайати Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-26 майи соли 2017 дар кори Форуми ҷаҳонӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар шаҳри Канкуни Мексика иштирок намуданд.
Ғайр аз ин 10 ноябри соли 2017 дар шаҳри Гулистон дуюмин ҷаласаи муштараки мушовараи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гашт.