Теъдоди ғарқи об шудаву ҳалокшудагон дар қиёс ба як соли пеш 32 нафар афзудааст. Соли 2017 дар оби рӯдхонаҳо, кӯлҳо ва ҳавзҳо 170 нафар шаҳрвандони кишвар бо сабабҳои гуногун ғарқ ва ба ҳалокат расидаанд. 75 нафари дигар ҳангоми ғарқ шудан аз ҷониби кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда наҷот дода шудаанд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки бо вуҷуди роҳандозии рейдҳои ҳамешагӣ, пайваста гузаронида шудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, таблиғот аз тариқи радио ва телевизион ва матбуот, мутаассифона боз ҳам одамон ҳангоми оббозӣ дар обҳо ба ҳалокат мерасанд. Сарвари идораи наҷот яке аз сабабҳои афзоиши марги одамон дар обҳоро ба гармои тобистони гузашта иртибот дод, ки мардум бештар ба лаби наҳру кӯлҳо кашида шуданд.
Рустам Назарзода афзуд: “Соли 2017 – 170 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар кӯлу дарёҳо бо сабабҳои гуногун ғарқ шудаанд, ки 58 нафари онҳо шаҳрвандони то синни 17-сола мебошанд. 42 нафар аз ҷумлаи ҳалокшудагон дар об дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои оббозӣ қурбон шудаанд. Дар садамаҳои автомобилӣ - 43 нафар ҷон доданд. 24 нафар аз беэҳтиётӣ, 13 нафар аз беназоратии волидон, 9 нафар даст ба худкушӣ заданд, 5 тан ҳангоми моҳидорӣ ҳалок шуданд, 4 нафар бар асари мастӣ ва 30 нафар бо сабабҳои гуногун ҷони худро аз даст доданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2016 138 нафар сокинони кишвар дар обҳо ҳалок шуда буданд ва 58 нафари онҳо ноболиғон буданд.
Рустам Назарзода як омили аслии ҳалокати ноболиғон дар обҳоро беназоратии волидон унвон кард ва гуфт, ки падару модарон ва калонсолон масъулият доранд, ки хурдсолонро ҳангоми оббозӣ ҳамроҳӣ кунанд.
Генерал Рустам Назарзода роҳандозии корҳои садамавиву наҷотро як бахши муҳими фаъолияти ниҳоди зертобеъи худ донист ва гуфт: “Яке аз самтҳои нисбатан муҳими фаъолияти Кумита ташкил ва роҳандозии корҳои садамавиву наҷот аст. Наҷотдиҳандагони Кумита 654 маротиба дар амалиёти наҷот иштирок намуда, ҷони 203 нафарро аз марг наҷот дооданд ва 75 нафари онҳо афроде буданд, ки дар об ғарқ мешуданд.