Панҷоҳу чор мавзеи хавфнок дар 38 деҳаҳои ноҳияи Лахш

Дар 38 деҳаи ноҳияи Лахш 54 мавзеъҳои хавфнок мавҷуданд, ки дар он 428 хоҷагӣ ҳастанд. Теъдоди аҳолии зери минтақаи хатар дар ин 38 деҳа - 2166 нафар аст.

Аз ҷумла, 3 мавзеъ бо 23 хоҷагӣ дар ҷамоати шаҳраки Ваҳдат, 5 мавзеъ бо 47 хоҷагӣ дар ҷамоати деҳоти Пилдон, 9 мавзеъ дар ҷамоати деҳоти Ҷиргатол, 8 мавзеъ дар ҷамоати деҳоти  Янгишаҳр, 10 мавзеъ бо 20 хоҷагӣ дар ҷамоати деҳоти  Сурхоб, 7 мавзеъ бо 421 нафар дар ҷамоати деҳоти Сартало, 3 мавзеъ бо 19 хоҷагӣ дар ҷамоати деҳоти  Қашот, 3 мавзеъ бо 20 хоҷагӣ дар ҷамоати деҳоти Лахш, 2 мавзеъ бо 298 нафар дар ҷамоати деҳоти  Муксу ва 6 мавзеъ бо 44 хоҷагӣ дар ҷамоати деҳоти  Олға зери хатар қарор доранд. 

Иншооти асосии ҳифзи аҳолӣ ин инсон ва ҳуқуқҳои он дар бораи ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва амволи шахсӣ дар ҳолати  ба вуқўъ омадани ҳолати фавқулодда ба ҳисоб меравад. Аҳолӣ вазифадор аст, ки дар чорабиниҳои омўзишӣ ва омодагӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ иштирок карда, аз курсҳои омўзишӣ оид ба амал кардан дар ҳолати фавқулодда гузарад.

Принсипи муҳимтарин ва асосии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ ин ҳифзи инсон ва қаламрав мебошад.

Шуъба дар ин росто чорабиниҳои пешгирикунандаи ҳолатҳои фавқулоддаро бештар намуда, миёни аҳолӣ таблиғот мебарад ва онҳоро дар тамринҳо ҷалб менамояд. Ҳадаф коҳиши хатар аз офатҳои табиӣ ва техногенӣ мебошад. 

Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш аз сокинони ноҳия даъват мекунад, ки бо чор рақами телефон, ки марбут ба Шуъба ва ҳукумати ноҳия мебошад, дар иртиботи ҳамешагӣ бошанд ва дар сурати сар задани ягон ҳодисаи фавқулодда фавран тамос гиранд. Ин телефонҳо:

22-9-59  -  қабулгоҳи Раиси ноҳия;
22-0-69
938-80-29-22
555-55-63-99
 Шуъба оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳияи Лахш.