Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)"

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур иборат аз инҳо мебошад:

- ҳимояи ҳуқуқу озодии инсон, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини ягонагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди экстремизм;

- таъмини ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди экстремизм;

- муайян намудани асосҳои ҳуқуқию ташкилии мубориза бар зидди фаъолияти экстремистӣ, муқаррар намудани ҷавобгарӣ барои амалӣ шудани он;

- ташаккули вазъи тоқатнопазирӣ дар байни мардуми ҷумҳурӣ нисбати экстремизм;

- ошкоркунӣ, пешгирӣ ва роҳ надодан ба фаъолияти экстремистӣ, рафъи сабабҳо ва шароитҳое, ки ба пайдошавии экстремизм мусоидат мекунанд.

Идома ин ҷост:
Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм"

 

 

барчасп: