КҲФ: ИДОМАИ ТАДБИРҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ҒАРҚШАВӢ ДАР Н.РӮДАКӢ

Имрӯз бо ибтикори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, аз ҷумла рақамӣ 3 - ин ноҳияи мазкур  корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тадбирҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавӣ доир гардид.

  Дар ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар н.Рӯдакӣ, шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи ва шӯъбаи тандурустии ноҳия иштирок доштанд.

    Ҳамчунин идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар назди бозори марказии ноҳияи Рӯдакӣ бо намоиши филми кӯтоҳ дар мавриди риояи қоидаҳои шиноварӣ ва тақсимоти брашура идома ёфт.

   Ёдовар мегардем, ки чунин тадбирҳо аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дорад. Маълумоти бештар ба https://khf.tj/sos/ ворид шавед.

 

 

барчасп: