КҲФ: Пешгирӣ - омили пешравӣ

Дар толори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсии дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтори Кумита доир гардид.

Меҳмононро полковник Хуршед Вализода, Сардори Сарраёсати мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Хуршед Вализода вобаста ба ҳадаф ва мақсади ин вохӯрӣ иброз намуд, ки мақсади асосӣ ин бозҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҳайати шахсӣ буда, ҳамзамон бояд ҳар як корманди Кумита дар мубориза ба коррупсия саҳмгузор бошад.

Инчунин, зимни вохӯрӣ намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники адлия Сафарзода Шодӣ ва лейтенанти адлия Зокирзода Ваҳҳоб иброз намуданд, ки агентӣ дар кишвар ягона сохторест, ки дар ин самт мубориза мебарад. Пас ҳар як сокини ватандӯстро месазад, ки дар баробари кормандони Агентӣ дар мубориза ба коррупсия саҳмгузор бошанд. То ба ин васила тавонем, ки мақоми кишвари Тоҷикистони Истиқлолро дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ бозҳам баланд бардорем.

Дар фарҷом миёни кормандони Кумита ва Агентӣ як суҳбати озоду самимӣ доир гардид, ки барои бозҳам такмили дониш ва малакаи касбӣ саҳмгузор буд.

 

барчасп: