КҲФ: Курси такмили ихтисоси наҷотдиҳандагон

 Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими анҷоми курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисоси наҷотдиҳандагон баргузор гардид.

 Сертификатҳои омӯзиширо муовини якуми Раиси Кумита, генерал-майор Латифзода Ҳотамшоҳ шахсан ба иштирокчиён супорид.

  Курс дар аз оғози моҳи ноябри соли 2025 бо дастгирии Сафорати Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Оғохон дар Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи дониш, малака ва маҳорати наҷотдиҳандагон дар самти гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ ва истифодаи таҷҳизоти муосири наҷотдиҳӣ буд.

 Дар рафти омӯзиш иштирокчиён дониши назариявӣ ва амалии худро такмил дода, усулҳои арзёбии вазъ, идоракунии гурӯҳ ва иҷрои амалҳои фавриро ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулода аз худ намуданд.

барчасп: