Бино ба гузоришҳои расида бар асари заминларза дар Афғонистон беш аз 20 нафар ба ҳалокат расид ва наздик ба 320 нафар дигар маҷруҳ шуданд. Шумораи қурбониёни ин зилзила ба эҳтимоли зиёд рӯ ба афзоиш аст, чун омори дақиқ аз манбаъҳои муътамад дастрас нашудааст.
Ҳамчуноне иттилоъ додем, бино ба гузориши Хадамоти Геофизикии АМИТ ин заминларза 3-уми ноябри соли 2025, соати 01:29 дақиқа бо вақти маҳаллӣ рух дод ва маркази он 236 километр ҷанубу-ғарби шаҳри Душанбе, 80 километр ҷанубу-ғарби ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон, 322 километр аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар ҳудуди Ҷумҳурии Афғонистон буд.
Хадамоти геологии ИМА хабар дод, ки қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 6,3 бал буд ва умқи он ба 28 км мерасид.
Ҳокимони маҳаллии Афғонистон аз ҳалокату маҷруҳ шудани одамон дар ин зилзила хабар доданд. Дар гузорише, ки 1news.az/news/ то кунун бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ пахш кард, наздик ба 320 нафар ҷароҳат бардоштанд ва шумораи ҷонбохтагони зилзила то кунун 20 нафар эълон шуд.
Мақомот гуфтаанд, ки маркази заминларза каме дуртар аз шаҳри Мазори Шариф буд.


