27 декабри соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд, ки дар он як қатор масъалаҳои ҳаётан муҳим баррасӣ ва муҳокима гардиданд.
Вакилони мардумӣ дар оғози иҷлосия Созишномаи маблағгузорӣ ва грант оид ба лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушдро ба тасвиб расониданд.
Созишномаи мазкурро ба вакилони мардумӣ муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Муҳаммадҷон Салимзода, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳрнамо Ҷонмамадова, сардори сарраёсати қарзи давлатӣ ва ҷалби инвеститсияҳои берунаи вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии нази Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Холмурод ва вакил аз ҳавзаи интихоботии Қубодиён Садриддинзода Бадриддин баррасӣ намуда, иброз намуданд, ки арзиши умумии лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим чиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ» 50 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Лоиҳаи “Мустаҳкамгардонии инфрасохтори муҳимтарин ҷиҳати таъмини устуворӣ бар зидди офатҳои табиӣ”аз 4 бахш ) иборат буда, ҳадафи асосии он пешгирии зарари офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бояд таъкид намуд, ки ин нахустин лоиҳаи Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон оид ба кам кардани зарари офатҳои табиӣ мебошад.