Бар асари боди шадид ва бориши барфи тар дар баъзе манотиқи вилояти Суғд дарахтон ва симчӯбҳои интиқоли барқ афтоданд ва мардум муддате бе нерӯи барқ монданд
Бегоҳии 26 – уми декабри соли 2017 ҳавои номусоид (боди шадид ва барфи тар) сабабгори садама дар хати интиқоли барқ дар баъзе шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Суғд шуд, ки дар натиҷа аҳолии ин маҳалҳо бе нерӯи барқ монданд.
Боди шадид 40 сутуни интиқоли барқ, 60 дарахтро аз ҷо беҷо кард. Боми ду хонаро барканд, қисман сақфи бошгоҳи яке аз қисмҳои ҳарбӣ низ зарар дид.
Дар айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят зарари иқтисодии офати табииро арзёбӣ мекунад.
Ҳамчунин корҳои барқарорсозӣ барои таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ба анҷом расидаанд.