Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар як ҷамъомади муштарак натиҷаи фаъолияти сохторҳои шомил ба Системаи ягонаи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаро дар соли 2017 ҷамъбаст карданд.
Кормандони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар Раёсати вазорати корҳои дохилии вилоят ҷамъомади омӯзишӣ-методӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти идораҳои вилоят, ки дар Системаи ягонаи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда шомиланд, баргузор намуданд.
Кормандони масъули РВКД дар вилояти Хатлон аз корҳои анҷомдодаи худ дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои алоқаманд ба мудофиаи гражданӣ дар соли 2017 маълумот доданд.
Дар ҷараёни семинар ширкаткунандагони рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сохтор ва тартиби амали Системаи ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда”, татбиқи чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ дар соли 2017 ва вазифаҳо дар семоҳаи аввали соли 2018-ро баррасӣ намуданд.