Хабарҳои рӯзи гузашта: Сел дар Лахш, пайдо шудани ҷасади ду ғарқшудаи чанд рӯзи пеш

10-уми июли соли 2025, соати 18:40 дақиқа дар шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш-сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш, мавзеи Арчакапа, бар асари гармои шадид ва об шудани пиряхҳо сатҳи оби дарёчаи Сугат баланд шуда, дар натиҷа оби аз соҳил беруншуда ба масофаи 300-400 метр роҳ зарар расонидааст.

Мизони зарар муайян ва пайомадҳои ин офат бартараф карда мешаванд.

****    ****    ****

5-уми августи соли 2025 соати 18:00 дақиқа дар деҳаи Вахшруди  ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён як писари 9-сола аз беназоратии падару модар дар ПИКТ-25 канали Вахш ғарқ шуда буд.

Ин қитъаи канал дар ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа воқеъ аст. 

Рӯзи 9-уми августи соли 2025 ҷасади марҳум 12 километр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурда шуд. 

****    ****    ****

31-уми июли соли 2025, соати 17:30 дақиқа як сокини 21-солаи  деҳаи Лоиқ Шералии ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кушониён ҳангоми оббозӣ дар рӯди Вахш ғарқ шуда буд.

Ин ҳодиса дар қаламрави шаҳри Левакант, ҷамоати шаҳраки Сарбанд рух дода буд.

10 – уми августи соли 2025 соати 13:55 дақиқа ҷасади ӯ 15 километр поёнтар аз ҷои ҳодиса аз тарафи ДМЗН-и Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон пайдо ва дар шоҳидии мақомоти дахлдор ба волидонаш супорида шуд.

барчасп: