Паёми Сарвари давлатро дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шуниданд

22 – уми декабри соли 2017 дар дастгоҳи Марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамаи воҳидҳои минтақавии он тамошои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии кумита дар маҷлисгоҳи асосӣ ҷамъ омад ва гузориши мустақимро аз “Кохи Сомон” аз ин рӯйдоди тақдирсоз барои кишварро тамошо карданд.

Сарвари давлат мавқеъи худро дар ҳамаи самтҳои инкишофи дохилӣ ва сиёсати хориҷӣ дар соли 2018-ро иброз дошт. Ҳамчунин Президент ба намояндагони ҳарду палатаи парламони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  қарорҳои муҳиме, ки ӯ дар асоси соалоҳиятҳои конститутсионии худ қабул кардааст, иттилоъ дод.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Ҳукуматро дар як соли охир таҳлил ва онро баҳогузорӣ кард.

Сарвари давлат ҳамчунин вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар дар соли 2018 муайян намуд.

Президенти Тоҷикистон аз ҷумла гуфт: “Дар баробари ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагиву хизмати низомиён, мустаҳкам гардонидани асосҳои моддиву техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, бунёди инфрасохтори муосири ҳифзи сарҳад, таъмин намудани сохтору мақомоти зикршуда бо кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ тадбирҳои зарурӣ андешад”.

 

Тегӣ: варақаи матбуотӣ