Дар доираи барномаи таҳкими минбаъдаи базаи моддӣ-техникии Маркази идораи вазъи буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-уми декабри соли 2017 Раёсати СММ дар умури паноҳандагон дар Тоҷикистон як миқдор техникаи компютерӣ ва принтери рангаи бисёрвазифа тақдим шуд.
Ин техника имкон хоҳад дод кори ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот, омодасозии ҳисоботҳо, роҳандозии мониторинг дар самти пешгирии офатҳои табиӣ, зуҳуроти ногувори атмосферӣ беҳбуд ёбад.
Техникаро Сарвари намояндагии Комисссариёии олии СММ дар умури паноҳандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Вито Трани супурд.