Ширкаткунандагони як мулоқоти корӣ дар Дафтари намояндагии Барномаи Рушди СММ ҷараёни иҷрои се тарҳи муштарак оид ба коҳиши хатари офатҳо дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд ва ҷиҳати рафъи баъзе камбудиҳои ҷузъӣ муҳлат доданд.
20 – уми декабри соли 2017 дар Дафтари намояндагии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон мулоқоти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба барарсии татбиқи се лоиҳаи имзошуда миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Ҳукумати Ҷопон, Хазинаи Трастови Русия ва Агентии Швейсарии рушд ва ҳамкориҳо доир шуд, ки дар он Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ширкат намуд.
Дар ҷаласа Директори кишварии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Ян Ҳарфст, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон, намояндагони сафорати Русия ва Бюрои швейсарии ҳамкориҳо бо Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботи шахсони салоҳиятдор оид ба татбиқи се лоиҳа шунида шуданд. Ин ҳисоботҳо бар пояи нақшаҳои корӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳо омода шуда буданд. Зарурати тарҳрезии нақшаи кории амалисозии тарҳҳо бо ташаббуси Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар мулоқоте сурат гирифта буд, ки аввали соли ҷорӣ баргузор гардид.
Ширкаткунандагон рафти иҷрои лоиҳаҳоро ситоиш карданд ва ҳамзамон камбудиҳоеро ҳам ошкор ва барои сари вақт рафъ намудани онҳо муҳлат доданд.
Қайд карда шуд, ки ҳадафи аслӣ ҳамоҳангсозии саривақтӣ ба суди халқҳои Тоҷикистон ва ҳимояи кишвар аз офатҳои табиӣ мебошад.