14 – уми декабри соли 2017 дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади омӯзишӣ-методӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти вазорат ва идораҳои кишвар, ки шомили Системаи ягонаи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда буда, аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст, баргузор гардид.
Дар сухани муқаддамотии худ муовини вазири саноат ва технологияҳои нав Рӯзизода Акрам Ҳамроқул ба ширкаткунандагон дар бораи корҳои анҷомдодаи вазорат дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва корҳо дар иртибот ба мудофиаи гражданӣ маълумот дод.
Дар чорабинӣ роҳбарон ва намояндагони вазорати нақлиёти кишвар, Ҷамъияти саҳҳомии Ҳолдингии Ширкати “Барқи тоҷик”, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҶТ ва як қатор вазорату идораҳои дигар ширкат намуданд.
Намояндагони Кумиаи ҳолатҳои фавқулодда қайд карданд, ки соли 2017 Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда корҳое зиёдеро дар ҳимояи аҳолӣ аз таҳдидҳои табиӣ ва техногенӣ ба сомон расонд.
Дар ҷараёни семинар ширкаткунандагон рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сохтор ва тартиби амалкарди Системаи ягонаи давлатии ҶТ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда”, ҳамчунин татбиқи чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ дар соли 2017 ва масъалагузорӣ барои семоҳаи аввали соли 2018-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар поёни нишаст ширкаткунандагон барои беҳбуди кор дар мавриди таъмини пурраи аҳолӣ ва қаламрав аз ҳолатҳои фавқулодда ва баланд бардоштани сатҳи омодагии нерӯҳо ва воситаҳо барои вокуниш ба рӯйдодҳо ва ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ пешниҳодҳо карданд.