Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати омодагии ниҳодҳои Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаро дар қаламрави шаҳри Кӯлоб ва атрофи он мавриди омӯзиш ва арзёбӣ қарор доданд.
Бо мақсади татбиқи нақшаи чорабиниҳо дар самтим мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳри Кӯлоб тамрини умумии мудофиаеи гражданӣ таҳти унвони “Амали воҳидҳои ҳудудии системаи Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фаҷвқулодда ва истифодаи нерӯҳо ва воситаҳои ҳимояи аҳолӣ ҳангоми рух додани офатҳои табиие чун боронҳои селосо, омадани сел, ярч, боло шудани сатҳи оби рӯдхонаи Ёхсӯ” гузарониданд.
Ин омӯзишҳо дар се марҳила баргузор шуданд. Кормандони КҲФ масъалаҳои омодагии мақомоти идории мудофиаи гражданӣ ва ҳолаҳои фавқулодда, Системаи ягонаи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, нерӯҳо ва воситаҳо ҳангоми ба вуҷуд омадани офатҳои табиӣ ва кӯчонидани сокинони ҷамоатҳо ва рустоҳое, ки дар қаламрави шаҳри Кӯлоб зиндагӣ мекунанд, мавриди санҷишу баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёнеи тамринҳо сатҳи омодагии аҳолӣ ба ҳимоя аз селҳо, ярчҳо, заминларзаҳо омӯхта шуданд, ҳамчунин омодагии нерӯҳо ва воситаҳои мақомоти идории шаҳр ҳангоми бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда арзёбӣ гардиданд.
Ғайр аз ин иншоотҳои ҳимоявии мудофиаи гражданӣ ба ҳолати омодабош дароварда шуданд. Бо ризояти ҳукумати иҷроия маҳаллии шаҳр ҳамчунин омодагии системаи хабаррасонии аҳолӣ дар мавриди ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда ва ё таҳдиди он тафтиш карда шуданд.
Дар ин тамринҳо ҳудудан 500 нафар сокинони маҳалҳо ширкат карданд.