Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири тозатаъини Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федералии Олмон ба густариш ва таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар дар самти коҳиши хатари офатҳо ва пешгирӣ аз онҳо таъкид карданд.
12-уми декабри соли 2017 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода Сафири тозатаъини Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Тоҷикистон ҷаноби Найтҳарт Хёфер-Виссингро ба ҳузур пазируфт. Раиси Кумита ҷаноби Хёффер-Виссингро барои таъин шуданаш ба ин вазифа муборакбод кард ва барояд муваффақиятҳо хост.
Бо таъкид ба сатҳи баланди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Олмон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар бораи фаъолиятҳо дар самти идораи ҳолатҳои фавқулодда дар кишвар, ҳамкориҳои байналмилалӣ бо сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ дар ин самт нақл намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳо, имкониятҳои оғози тарҳҳои муштарак барои воҳидҳои наҷоти КҲФ, омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисони кинологӣ ва равоншиносон, беҳбуд бахшидан ба базаи моддӣ-техникии КҲФ-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар навбати худ ҷаноби Сафир барои қабули гарм ибрози ташаккур намуд ва изҳор дошт, ки дар замони фаъолияти дипломатии худ дар кишвари мо талош хоҳад кард барои рушди бештари иртиботҳои сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Федералии Олмон бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисса гузорад.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба тавсеъаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Олмон дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ изҳори умед карданд.