Дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савганди ҳарбии наваскарон ба анҷом расид ва дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ бинои нави Ситод ба истифода дода шуд. Ин биино бо назардошти талаботи замон сохта шуда, дорои ҳама гуна шароитҳои мусоиди корӣ мебошад ва бо техникаи ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи бинои ситод Ҷонишини аввали Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Рустам Шоҳиён ширкат намуд.
Ин бино барои идораи воҳидҳои низомие сохта шудааст, ки дар итоати қисми ҳарбӣ қарор доранд. Аз ин ҷо метавон хизмати афсарону сарбозон ва прапоршикҳоро назорат кард. Бино ҳамчунин дорои якчанд утоқҳои хидматист. Синфи дарсҳои татктикӣ барои роҳандозии омӯзишҳои тактикӣ, қисми навбатдорӣ ва утоқҳои корӣ низ дар он ҷой гирифтааст. Ҳамаи ин синфхонаҳо ва утоқҳои корӣ бо воситаҳои техникаи компютерӣ, воситаҳои алоқа, камераҳои назоратӣ ва мебели тав муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Ғайр аз ин дар ин қисми ҳарбӣ, ки дар қаламрави ноҳияи Вахш ҷойгир шудааст, боз як маросими савгандёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ баргузор шуд ва онҳо бо сафороии тантанавӣ барои хизмати шоиста ба нафъи Ватан савганди садоқат ёд карданд.
Дар ин маросим низ Ҷонишини аввали Раиси КҲФ, генерал-майор Рустам Шоҳиён ширкат ва суханронӣ намуд. Муовини аввали Раиси Кумита зимни суханронӣ наваскаронро барои аввалин рӯзҳои хизмат ба Ватан муборак бод кард ва гуфт ин лаҳзаҳо бояд ҳамеша дар ёдашон бимонад.
Ҷонишини Раиси КҲФ, полковник М.Салимзода дар маросими тантанавии савганёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ дар қисми ҳарбии Кумита воқеъ дар ноҳияи Ҳамадонӣ иштирок намуд.
Полковник М.Салимзода аз номи роҳбарияти КҲФ наваскаронро ба ин рӯзи муборак ва оғози хизмати садоқатмандона ба навъи Ватан ва мардуми кишвар табрик намуд ва ба онҳо комёбиҳо орзу кард. Аз ҷумла гуфт:
«Бо қасам ёд кардан шумо дар назди худ вазифа гузоштед, ки кори ҳарбиро тавре боястӣ биёмӯзед, Низомномаи хидматиро иҷро кунед, ба фармони фармондеҳони худ итоат намоед, барои рушди маънавӣ ва такмили донишҳои худ талош кунед. Роҳбарияти Кумита аз ҷониби худ барои шумо ҳама шароитҳои мусоиди хизматро фароҳам хоҳад овард”.