Сарфаҷӯии нерӯи барқ таъмини бехатарист

Зимистон ҳам омад. Барфи аввал теғаҳои куҳҳо, талу теппаҳо, соҳили рӯдхонаҳоро сафед кард. Сардиҳо фаро мерасанд, акнун дар олам се моҳи дигар фасли зимистон ҳукм хоҳад ронд.

Зимистон қонуну қоидаҳои худро дорад. Маъмулан дар ин фас л, ки фасли сармост ба истифодаи нерӯи барқ бештар ниёз пайдо мешавад. Одамон эҳтиёҷи бештар ба маводи сӯхт пайдо мекунанд. Бахусус, ниёз истифода ангишт, ки зояндаи гази карбон аст ва истифодаи нерӯи барқ, ки дар сурати риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ таҳдидкунандаи амният аст, меафзояд. Ин аст, ки қоидаҳои бехатарии истифода аз ин воситаҳои гармидиҳанда муҳим аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ҳар маврид роҷеъ ба риояи ин қоидаҳо таъкид мекунад ва ҳоло ҳам дастуреро, ки Комиссияи Авруп оид ба ёрии башардӯстона, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, Салиби Сурхи Олмон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждинии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муштаракан омода кардаанд, пешкаш менамояд. Ин дастур аслан дар мавриди сарфаҷӯии нерӯи барқ аст ва ҳамин сарфаҷӯӣ имкон хоҳад дод, ки одамон бештар ба бехатариву амният низ таваҷҷуҳ кунанд. 

Дарёфти тавсияҳо ПДФ:

БАРҚРО САРФА НАМОЕД