29 ноябри соли 2017 барои воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 мошини сабуку вазнини иловагӣ ҷиҳати роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот, ки тибқи Барномаи Рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон харида шудаанд ва ду квадракоптор ва воситаи обгармкунӣ супорида шуд.
Ин кумакҳо дар доираи лоиҳаи чорсолаи “Таҳкими иқтидори коҳиши хатари офатҳо ва вокуниш” амалӣ гардид, ки миёни КҲФ, Ҳукумати Ҷопон ва Барномаи Рушди СММ моҳи сентябри соли2016 имзо шуда буд.
Ҳамаи ин мошинҳо барои сари вақт ба ҷойҳои офатзада расонидани наҷотдиҳандагони Кумита ва таҷҳизоти наҷот, ҳамчунин роҳандозии саривақтии корҳои наҷот дар садамаву офатҳои табиӣ истифода хоҳанд шуд.
Ҳамчунин дар доираи барномаҳои грантӣ, ки Ҳукумати Ҷопон пешниҳод кардааст, ба Кумити чор адад мошинҳои барфрӯбӣ барои тоза кардани роҳҳо аз ғарами барфҳои зимистон таҳвил ёфт.
Ғайр аз ин дар доираи татбиқи минбаъдаи Ёддошти тафоҳум миёни Кумита ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар бораи ҳамкориҳо дар самти омодагӣ, бартарафсозӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ҳамчунин мутобиқшавӣ ба иқлим ду квадракоптор ҷиҳати ба даст овардани маълумоти саривақтӣ ва дақиқ оид ба ҳолати системаи табиӣ-саноатӣ, бахусус дар ноҳияҳои куҳӣ, пешбинии он барои қабули қарори саривақтии алоқаманд ба пешгирии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи гуногун супурда шуданд.
Дар маросими супоридани кумакҳо Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоҷиме Китоака, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуадер, Ҳамоҳангсози доимии СММ, Роҳбари Барномаи Рушди СММ Пратибҳа Меҳта, Директори Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Ян Ҳарфст, Директори Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи СММ дар Тоҷикистон Паоло Маттеи, ҷонишини намояндаи низомии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Коди Гриффит, Сарвари барномаи Фокус –и Хазинаи Оқохон, Агентии ҷопонии Ҳамкориҳои Байналмилалӣ (JICA) ва дигар созмонҳои байналмилалии муқими кишвар ширкат намуданд.
Сарвари КҲФ зимни суханронии худ дар маросими таҳвили техника ба шарикон барои пуштибонӣ аз барномаҳои муштарак ва тақвияти фаннии Кумита изҳори миннатдорӣ намуд ва иброз дошт, ки бидуни шак ин техника ба наҷоти ҳаёти одамони зиёд мусоидат мекунад ва ҳамзамон кори наҷотбахшонро ба маротиб сабук месозад.
Санади қабули техникаи махсусро Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷиме Китоака имзо намуданд.
Ҳамчунин ҳуҷҷат дар бораи таҳвили ду квадракоптор аз ҷониби Раиси Кумита ва Директори Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи СММ дар Тоҷикистон Паоло Маттеи имзо шуд.