28 ноябри сол 2017 дар қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии савганди наваскарон ба Ватан баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ роҳбарони КҲФ, намояндагони вазорати мудофиа, маъмурияти ноҳияи Рӯдакӣ, хонандагони синфҳои болоии мактаби наздик ба қисми ҳарбӣ, волидон ва хешовандони наваскарон ширкат карданд.
Наваскарон қасами садоқат ёд карданд, ба номи Ватан савганд ёд карданд, ки бо садоқат ва бо шуҷоат хизмат хоҳанд кард, ба арзишҳои воло эҳтиром хоҳанд дошт, марзу буми кишварро аз вуруди ҳар гуна неруҳои бегона ва душманон ҳифз хоҳанд намуд.
Волидон ва хешону пайвандони наваскарон, намояндагони қисми ҳарбӣ, ҳамчунин меҳмонони даъватшуда наваскарони савгандхӯрдаро ба ин рӯзи муҳим дар ҳаёташон муборакбод карданд ва барояшон беҳтарин хушиҳои рӯзгор ва хизмати шоиста ба нафъи халқу ватанро таманно карданд.
Ҷонишини Раиси Кумита, полковник Ҷамшед Маҳмадзода суханронӣ кард ва гуфт: “Имрӯз барои ҳамаи онҳое, ки савганд ёд карданд, як рузи хеле муҳим дар ҳаёташон аст. Суханоне, ки имрӯз дар шоҳидии волидону пайвандон ва наздиконатон ба забон рондед, бояд ҳамеша дар ёд дошта бошед. Онҳо боварии комил доранд, ки шумо метавонед ва омодаед онҳоро ҳамеша ҳимоя кунед. Аз ин рӯ аз ҳамаи ин ҷо ҳузурдоштагон даъват мекунад, ки хизмат бароятон ҳисси шараф ва ифтихор дошта бошад ва қарзи худро дар назди Ватан бошарафона ба ҷой оред”.
Баъди маросими савганд наваскаронро ба гуруҳҳо ҷудо мекунанд ва онҳо ба омодагиҳои ҳарбӣ шуруъ менамоянд.