Дар мулоқоти генерал Рустам Назарзода ва намояндаи ваколатдори САҲА Риккардо Лепри масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар самти коҳиши хатари офатҳо барарсӣ шуд.
Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси намояндагии барномаи САҲА дар шаҳри Душанбе мулоқоти Сарвари Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо коршиноси байналмилалӣ дар масъалаҳои иқтисодӣ ва экологии барномаи САҲА ҷаноби Риккардо Лепри баргузор шуд.
Барномаи асосии мулоқот баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи минбаъда дар самти коҳиши хатари офатҳо буд.
Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар бораи чорабиниҳои роҳандозишуда оид ба коҳиши хатари офатҳо, корҳои бунёди системаи иттилоъи барвақтӣ ва такмили методикаи арзёбиҳои зарар аз хатари офатҳо нақл кард.
Ҳамчунин масъалаҳои алоқаманд ба таҳкими ҳамкориҳо дар самти кор бо ҷомеа, нашри маводҳои иттилоотӣ барои ҳамаи қишрҳои аҳолӣ, ташкил ва баргузории машқҳои омӯзишӣ барои намояндагони ВАО якҷо бо КҲФ оид ба инъикоси пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ мавриди баррасӣ қарор гиифтанд.
Дар поёни мулоқот ҷаноби Лапре ба КҲФ барои кори фаъол дар самти коҳиши хатари офатҳо изҳори миннатдорӣ кард ва иброз дошт, ки омодааст масъалаҳои дар ин дидор матраҳшударо мавриди баррасӣ қарор диҳад.