Дар Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Подполковник С.Исозода –Сардори Ситод зимни суханронии муқаддамотии худ дар бораи парчами миллӣ, рамзҳо ва таърихи он ҳарф зад. Вай аз ҷумла гуфт: Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хоса дошта, моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон қабул карда шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рўзи 24 ноябрро «Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намуданд.
Баъдан як қатор кормандони Ситод дар мавзуъи “Парчам дар таърихи давлатдории тоҷикон” суханронӣ намуданд. Аз ҷумла дар бораи рамзҳои парчами миллӣ ва мафҳуми ин рамзҳо гуфтанд. Дар бораи он ҳарф зада шуд, ки Парчами миллӣ тибқи қонун дар куҷоҳо бояд барафрошта шавад.