24-уми ноябри соли 2017 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парлумонӣ роҷеъ ба мавзӯи «Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» дар 9 моҳи соли 2017 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар ҷаласа вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати молия, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, роҳбарон ва сарварони раёсатҳои КҲФ ширкат намуданд.
Муҳокимаи парламониро Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷурахон Маҷидзода ифтитоҳ кард ва регламенти онро муайян намуд.
Дар назди вакилон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – лейтенант Рустам Назарзода суханронӣ кард ва ҷараёни татбиқи Қонуни ёдшуда дар фаъолиятҳои Кумита дар давраи ҳисоботиро таҳлил намуд.
Қайд карда шуд, ки бо ин мақсадҳо бар асоси Қонуни қабулшуда фармони Раиси Кумита дар бораи истифодаи самаранок ва мақсадноки воситаҳои буҷети давлатӣ тасдиқ гардид. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби воситаҳои буҷавӣ як қатор иншоотҳои асосии Кумита сохта шуданд, ки қарор аст 1-уми декабри соли 2017 ба истифода дода шаванд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамчунин дар баромади худ зикр намуд, ки бо мақсади рушди минбаъдаи Кумита, беҳтар намудани базаи моддии КҲФ ва неруҳои он лоиҳаи Барномаи рушди КҲФ дар давраи солҳои 2018-2022 таҳия шудааст.
Маърӯзаи Раиси Кумитаро шунида, вакилон ба чандин саволҳои худ посухҳои дақиқ ва ҳамаҷониба гирифтанд.
Вакилон пешниҳод намуданд, ки барои самаранокии харҷи воситаҳои буҷавӣ баланд бардоштани ҳисси масъулият ва шаффофияти истифодаи он дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ зарур аст.
Дар поёни муҳокимаи парламонӣ қарор ва тавсияҳо дар мавриди беҳбуди татбиқи минбаъдаи буҷети давлатӣ қабул гардид.