Сарбозону афсарони яке аз қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи Рӯзи Парчами миллӣ бо маъруфтарин овозхони эстрадаи тоҷик Садриддини Наҷимиддин мулоқоти фаромӯшношуданӣ доштанд.
Ташкили барномаҳои адабиву мусиқӣ дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кайҳост ба ҳукми анъана даромадааст.
Чунончӣ, дар яке аз қисмҳои ҳарбии Кумита мулоқоти сарбозон ва афсарон дар доираи як барномаи адабиву мусиқӣ бо сарояндаи маъруфи эстрада Садриддини Наҷмиддин баргузор шуд.
Мулоқот бо овозхони шинохта дар остонаи Рӯзи Парчами миллӣ доир гардид ва дар он бештар таронаҳои ватандӯстӣ ва савту навои муосири эстрадӣ садо доданд.
Ҷонишини Раиси Кумита, полковник Ҷамшед Маҳмадзода ин мулоқотро ҳусни оғоз бахшид ва гуфт, ки роҳандозии чунин чорабиниҳо руҳи сарбозонро болида месозад.
Садриддини Наҷмиддин низ дар оғоз сарбозону афсаронро ба иди Парчам муборакбод кард ва гуфт: “мехоҳам дар оғоз ҳамаи шуморо ба ин ҷашн табрик кунам, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ орзу намоям. Таманноям ин аст, ки ҳамеша чунин болидаруҳу қавидил бимонед. Ин мулоқот дар фазои осоишу субот мегузарад ва ин ҳам як хизмати арзишманди Президенти мост”.
Садриддини Наҷмиддин аз ҷумлаи маъруфтарин ситораҳои эстрадаи тоҷик аст, ки дар дохил ва хориҷи кишвар маъруфият дорад. Таронаҳои ахири ӯ пурбинандатарин таронаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ буданд.
Сарбозону афсарон ҳам дар поёни мулоқот бо овозхони писандидаи худ ибрози ташаккур карданд ва барояш беҳтарин хушиҳои рӯзгорро таманно намуданд. Гуфтанд, ки ҳамеша интизори таронаҳои дилнишину тозаи сарояндаи дӯстдоштаи худ хоҳанд буд.