Зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 528 маврид корҳои садамавӣ ва наҷотро анҷом дода, ҷони 186 нафарро аз хатар раҳониданд. Дар ин нуҳ моҳ дар Тоҷикистон 160 нафар бар асари риоя накардани қоидаҳои оббозӣ дар рӯдхонаву кӯлҳои кишвар ба ҳалокат расидаанд.
Таҳлили фарогири инкишофи зуҳуроти фалокатбори табиӣ дар рӯйи Замин нишон медиҳад, ки бо вуҷуди пешрафтҳои илмиву техникӣ сатҳи ҳимояи одамон аз хатарҳои табиӣ боло намеравад. Теъдоди қурбониён дар олам аз зуҳуроти харобиовари табиӣ зарфи чанд соли охир афзудааст. Талафоти иқтисодӣ низ рӯ ба афзоиш аст.
Яке аз омилҳои аслии боқӣ мондани хатарҳои табиӣ ин тағйири иқлим аст. Ба ин боз ҷойгирсозии нопойдори иншоотҳои иқтисодӣ, манзил додани одамон дар минтақаҳои нисбатан хатарноки табиӣ, нокифоя будани самаранокии системаи мониторинги муҳити зист, мавҷуд набудан ва ё ҳолати бади иншоотҳои гидротехникӣ, зидди селу обхезӣ ва дигар воситаҳои ҳифозатӣ, сохтмонҳои камтар тобовар ба зилзила ва дигар офатҳо сабаб мешавад.
Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар ин гуна зуҳуроти табиӣ вомехӯранд: селҳо, ярч, тарма, бодҳои тӯфонӣ, боришоти шадид, заминларза, хушксолӣ, сардиву яхбандӣ, раъду барқи сахт, барфрезии шадид, гармои шадид ва ғайра.
Аз рӯйдодҳои геофизикии фавқулодда заминларза зуҳуроти нисбатан пурқувват, мудҳиш ва вайронкор ба шумор меравад. Онҳо ногаҳонӣ сар мезананд, пешбинии вақту соат, замон ва макони диқиқи онҳо амалан номумкин аст.
Аз ҳодисаҳои фавқулоддаи геологӣ лағзиши тарма, ярч, селу обхезӣ хатари бештар доранд. Танҳо аз моҳи январ то моҳи апрели соли 2017 дар қаламрави кишвар 720 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифт ашудааст.
Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ нишон медиҳад, ки зарфи нуҳ моҳи соли 2017 дар ҳудуди кишвари мо 89 ҳолати фавқулоддаи табиӣ ба қайд гирифта шудааст.
Аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиии сабтшуда 21.3% онҳо заминларза, 19.1% сел, 19% резиши санг, 17% тарма, 3.3% ярч, 4.5% - боди шадид, 3.4 % барфи шадид ва сардӣ буд.
Дар натиҷаи офатҳои табиӣ 30 нафар шаҳрвандони ҷони худро аз даст доданд.
Барои роҳандозии корҳои соҳилбандӣ Ҳукумати кишвар 295770 литр сӯзишвории дизелӣ, 39865м2 симтури арматурӣ, 870 тонн семент, 30 тонна арматур ва ғайра ҷудо кард, ки ба 24 шаҳру ноҳияи кишвар бо техникаи махсуси КҲФ интиқол дода шуданд.
Бо мақсади иҷрои Дастури Раиси Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чораҳои аввалиндараҷаи бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ноҳияи Лахш” ба сокинони аз заминларза, сел дар моҳҳои апрел ва майи соли 2017 зарардидаи ноҳияи Лахш кумакҳо дар шакли масолеҳи сохтмонӣ, маводи ғизоӣ, бастаҳои беҳдоштӣ ва воситаҳои хоҷагӣ ирсол карда шуданд. Миқдори умумии кӯмак барои барқарорсозии хонаҳои харобшуда 755 ҳазору 680 сомониро ташкил дод. Барои оилаҳои зарардида ба миқдори 42 ҳазору 500 сомонӣ ёрии яквақта расонида шуд.
Ҳамчунин барои барқарорсозии хонаҳои вайроншуда дар қаламрави ноҳияи Дарвози ВМКБ бо Қарори Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чораҳои аввалиндараҷаи бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ноҳияи Дарвоз” аз 30 августи соли 2017 33600 сомонӣ ҷудо карда шуд, 21 хонаи истиқоматӣ, мактаб, мағоза ва нуқтаи тиббӣ пурра аз нав сохта шуд.
Бо вуҷуди он ки аз ҷониби кормандони Кумита дар мавсими тобистон рейдҳо ва чорабиниҳову мулоқотҳои зиёде бо аҳолӣ гузаронида мешавад, дар барномаҳои зиёди телевизиониву радиоӣ ширкат мекунанд ва дар мавриди қоидаҳои бехатарии оббозӣ нақл мекунанд, боз ҳам одам он ҳангоми оббозӣ ғарқ мешаванд ва мутаассифона на ҳамеша муяссар мешавад, ки онҳо наҷот дода шаванд. Зарфи нуҳ моҳи соли равон дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар рӯдхонаҳо ва кӯлҳои кишвар 160 нафар ба ҳалокат расиданд.
Мудофиаи гражданӣ ва омӯзиш
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда зарфи нуҳ моҳи соли 2017 дар миёни аҳолӣ 263 чорабинӣ гузаронида шуд, ки аз он 13 чорабинӣ тамринҳои мудофиаи гражданӣ буданд.
Тамринҳои тактикии мудофиаи гражданӣ 51, омӯзишҳои ситодии мудофиаи гражданӣ 69 маврид буд. Дар маҷмуъ 72 чорабинӣ оид ба мудофиаи гражданӣ дар муассисаҳои таълимоти ҳамагонии миёна роҳандозӣ шуд.
Корҳои садамавиву наҷот
Як самти муҳими фаъолияти Кумита ташкил ва баргузории корҳои садамавиву наҷот аст. Зарфи 9 моҳи соли 2017 наҷотдиҳандагони Кумита дар бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ширкат намуда, 528 маврид корҳои садамавиву наҷотро иҷро ва ҷони 186 нафарро аз хатар раҳонидаанд.