Ситоди қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии куҳии Тоҷикистон дар соли 2017 тибқи нақша 552 санҷиши пешгирикунанда гузаронидааст ва аз камбудиҳои ифшошуда 2025 пешниҳод ба роҳбарони дахлдори корхонаҳо ирсол кардааст.
То ин шабу рӯз аз ин миқдор аз тарафи роҳбарияти корхонаҳо 1910 пешниҳодро иҷро кардаанд.
Аз ҷумлаи кормандони корхонаҳои зеризаминӣ 23 нафар барои вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ огоҳонида шуданд.
Аз оғози сол 620 адад таҷҳизоти худмуҳофизатӣ санҷида шуданд ва ин санҷиш нишон дод, ки муҳлати истифодаи ҳамаи онҳо гузаштааст.
Взводи 6-уми алоҳидаи наҷоти куҳии Консой мувофиқи нақшаи пешниҳодии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Апрелёвка” 120 маротиба ташхиси чанг ва гази зеризаминӣ гузаронд ва дар 35 маврид ташхис нишон дод, ки гарду чанг ва газ аз меъёри техникаи бехатарӣ баланд буд.
Соли 2016 бар асари даҳ садамаи зеризанинӣ 9 нафар кормандони ин корхонаҳо фавтиданд. Дар садамаи кони Зарнисор, ки соли ҷорӣ рух дод, як нафар ҷони худро аз даст дод ва кормандони Ситод 3 нафар аз коргаронеро, ки зери хоку санг монда буданд, наҷот доданд ва дар бемористон бистарӣ карданд.
Дар айни замон Ситод бо ҳама гуна таҷҳизоти кориву наҷот муҷаҳҳаз аст.
Маврид ба ёдоварист, ки Ситоди қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии куҳии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати кишвар 17.08.1994 таъсиси шудааст
Қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии куҳии Тоҷикистон ба корхонаҳои зерин хизмат мерасонад:
- Комбинати маъдантозакунии “Адрасмон”
- Қитъаи шарқии “Кони мансур”
- Қитъаи ғарбии “Кони мансур”
- Фабрикаи маъдантозакунӣ
- Идораи консозӣ
- ҶММ ТА “Анзоб”
- Кони “Анзоб”
- Кони ангишт
- Кони ангишти Фон-Яғноб
- ҶСШК “Ангишт”-и Шӯроб
- Кони №8, қитъаи 2,3,4 ва қитъаи “Тоҷик – кедр.”
- ҶММ “Зарафшон” Тарор.
- ҶММТК “Апрелёвка”-и Консой
- Комбинати маъдантозакунии Такоб
- ҶММ ТК “Горпром” шаҳраки Зарнисор.
Ситод ин вазифаҳоро иҷро менамояд:
- Дар хомӯш намудани сӯхторҳои рӯйизаминӣ, ки ба иншоотҳои зеризаминӣ таҳдид мекунад ва ҳаёти одамонро зери хатар мегузорад, иштирок мекунад.;
- Барои рафъи садамаҳои эҳтимолӣ нақшаву чорабиниҳо таҳия мекунад;
- Гузаронидани корҳои ғайрисадамавӣ ва озмоиширо дар нақбҳо ва иншооти зеризаминӣ вобаста ба омодасозии онҳо барои наҷоти одамон ва рафъи садамаҳои эҳтимолӣ амалӣ менамояд;
- Назоратро аз рӯйи чангу гард, гази партовҳо, ҷамъоварии намунаҳо ва таҳлили ҳавои коркардҳои куҳӣ ба роҳ мемонад;
- Нақшаи рафъи садамаро дар иншооти хизматрасонидашаванда мувофақа менамояд;
- Хизматрасонии техникии дастгоҳҳои нафасгирии изолятсионӣ, асбобҳои санҷишӣ, воситаҳои алоқаи садамавӣ ва дигар намуди таҷҳизот ва асбобҳои махсусро таъмин менамояд.