Ҷаласа ба ифтихори 25-умин солгарди иҷлосияи XVI дар ниҳодҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

16 – уми ноябри соли 2017 дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба муносибати 25-уми солгарди иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд. 

Ҷонишини Раиси Кумита, полковник Ҷамшед Маҳмадзода ҳайати шахсиро ба ин рӯз муборакбод кард ва саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду инкишофи Тоҷикистони соҳибистиқлол қайд кард. 

“Мо ҳама бо камоли масъулият, садоқат ба қарзи хидматӣ бо меҳнати босамар бояд ҳиссаи худро дар таҳким ва рушди мамлакат гузорем”,- гуфт Ҷамшед Маҳмадзода. 

Ҷонишини сардори Раёсати корҳои тарбиявии КҲФ, полковник З.Забиров бо зикри муҳим будани арзишҳои Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олӣ қайд намуд, ки дар он соли пурдаҳшати 1992 умеди ягона барои берун кашидани кишвар аз гирдоби ҷанги дохилӣ ва пешгирӣ аз хунрезӣ ба даъвати фаврии ҷаласаи Шӯрои Олии Тоҷикистон вобаста буд ва ин ҷаласа тавонист аз уҳдаи вазифаҳои дар наздаш гузошташуда ба хубӣ барояд.  Ва таърих шоҳиди ин аст.

Дар Ситодҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаа дар вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт низ  ҷаласа доир шуд ва дар онҳо диққати асосӣ ба нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун кафили суботу амният на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар минтақа равона карда шуд.

Ширкаткунандагон қайд карданд, ки иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон  дар таърихи халқи тоҷик як гардиши куллӣ буд ва он тавонист ба ҷанги бародаркуш хотима гузорад. Танҳо таъсиси ҳукумати ҷонунӣ метавонист садди роҳи ин ҳама беназмиву беқонуниҳо бошад. Ин иҷлосия тавонист миллатро наҷот диҳад ва барои барпо намудани як давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон ҳама шароитҳоро фароҳам орад. 

Сардори Ситоди КҲФ дар вилояти Хатлон полковник С.Исозода ҳайати шахсиро табрик кард ва даъват намуд, ки дар иҷрои қарзи хидматӣ ва шаҳрванӣ дар назди Ватан худро масъул донанд.

Дар навбати худ сардори Ситоди гуруҳи навоҳии Рашт, майор С.Маҳмудов дар баромади худ иброз дошт, ки Пешвои миллат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин ҷомеаи босуботи рӯ ба инкишоф заҳмати фаровон кашид. Маҳз талошҳои ӯ буд, ки кишвар имрӯз рӯ ба тараққӣ овардаву пеш меравад ва мардуми мамлакат маҳз бо дарназардошти ҳамин хизматҳо ин марди шарифро шоистаи унвони “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат” донистаанд.