Борони бошиддати ду рӯзи оянда дар манотиқи куҳӣ метаовнад ба барфи тар табдил шавад ва ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои куҳиро ба мушкил рӯ ба рӯ созад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистоназ 15 то 16-уми ноябри соли 2017 ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст.
Аз ҷумла борон меборад ва дар баландиҳои1200 метр ин борон метавонад ба барфи тар мубаддал гардад.Дар навоҳии баландкӯҳ борону барф бо шиддат меборад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо+10+12 °С-ро ташкил медиҳад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда огоҳ мекунад, ки дар роҳҳои куҳие, ки борону барфи тар пешбинӣ шудааст, метавонад роҳҳо ях банданд ва ин ба ҳаракати муттасилу бемамониати мошинҳо монеъа эҷод мекунад. Бахусус бегоҳӣ ва шабонгаҳон ин гуна хатарҳо афзоиш меёбанд.
Кумита ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо дар истифода аз роҳҳои куҳӣ эҳтиёткор бошанд. Ронандагон ҳатман масофаро риоя кунанд, то аз бархӯрдҳои эҳтимолии мошинҳо ҷилавгирӣ шавад.