Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании наздид Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мутахассисони Агентии обуҳавосанҷии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонва созмони байналмилалии «Фокус» барои 9 қитъаи баландкуҳ (баландии 2500-3000 метр)-и ҳавзаи дарёи Камарови ҷамоати ба номи Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт ва дақиқан Дашти Хирсон, Оқтош-Мимбулоқ ва Сабудай 16 адад таҷҳизоти ченкунии барф расониданд.
Гуфтанист, ки ин таҷҳизот бо кӯмаки чархболи Гвардияи миллии Тоҷикистон интиқол дода шуд.
Ин таҷҳизот имкон медиҳад, ки захираи қабати барф дар ноҳияҳои куҳии ҳавзаи дарёи Камаров санҷида шавад.
Қарор аст корҳои танзими он соли оянда шуруъ шаванд.
Дастгоҳи ченкунии барф аслан як таҷҳизоти метеорологӣ буда, зичиву мустаҳкамӣ ва баландии қабати барфро месанҷад.