Намояндаи ваколатдори “Каритас Швейсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба идомаи ҳамкориҳо бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои пешгирӣ ва коҳиши хатари офатҳо таъкид кард.
Таҳкими минбаъдаи рушди ҳамкориҳои дуҷониба оид ба масъалаҳои коҳиши хатар аз офатҳои табиӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати созмони байналмилалии “Каритас Швейсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо сарварии роҳбари ин ташкилот хонум Юдит Нидербергер мавриди суҳбат қарор гирифт.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, огоҳии саривақтии аҳолӣ ва бозомӯзии кормандони Кумита, аз ҷумла наҷотдиҳандагон ва муҷаҳҳазсозии техникии Кумита баррасӣ гардид. Ҳамчунин масъалаи ҳамкориҳои Маркази иттилоотӣ-таҳлилии Кумита ва “Каритас Швейсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар самти табодули маълумот низ баҳс шуд.
Сарвари КҲФ ба хонум Нидербергер барои ҳусни таваҷҷуҳ ва ҳамкориҳо дар масоили ҳолатҳои фавқулодда изҳори сипос кард.
Дар навбати худ хонум Нидербергер изҳор дошт, ки ба дастгирии Тоҷикистон дар масъалаҳои коҳиши хатар аз офатҳои табиӣ, ҳамчунин таҳқими зарфиятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда идома хоҳад дод.