Дар Маркази омӯзишӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ дар мавзуи “Амали гуруҳи вокуниши аввалия дар ҳодисаҳои кимиёвӣ-биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ”, ки Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ кардааст, идома дорад.
Дар ин омӯзишҳо кормандони озмоишгоҳи кимиёвӣ-радиатсонии КҲФ, Академияи илмҳо ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иштирок доранд.
Дар ҷараёни дарсҳои омӯзишӣ ширкаткунандагон бо таҷҳизоти муосир барои дақиқ намудани вазъ дар манотиқи осебрасида шинос мешаванд. Ҳамчунин бо равишҳои нави воситаҳо ва роҳҳои истифодаи моддаҳои заҳролудкунанда ва усулҳои ҳимоя аз онҳо ошно мегарданд.
Дар охири дарсҳои омӯзишӣ техникаи махсус барои озмоишгоҳи кимиёвӣ-радиометрӣ тақдим хоҳад шуд.
Гуфтанист, ки дарсҳо аз ҷониби мутахассисони ИМА гузаронида мешаванд.