Имрӯз, баъди анҷоми мулоқотҳо ва гуфтушунидҳои расмӣ дар ҳузур ва ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 13 ҳуҷҷат дар бораи ҳамкориҳо, аз ҷумла Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкориҳо дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда имзо гардид.
Созишнома аз ҷониби Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини вазири мудофиаи Туркманистон имзо шуд.
Созишнома маҷмуи васеи ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар самти пешгирии офатҳои табиӣ, ҳамчунин масъалаҳои расонидани кумакҳо ҳангоми бартарафсозии оқибатҳои онро дар бар мегирад.
Созишномаи имзошуда ҳамчунин имконияти тартиби вокуниши муштараки ду кишвар дар ҳолатҳои фавқулоддаро сода карда, муҳлати барасмиятҳои гумрукиву сарҳадиро кутоҳ менамояд.