Бо кӯмаки Ҳукумати Ҷопон имсол Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда соҳиби чор мошини барфрӯб хоҳад шуд.
Имрӯз дар доираи татбиқи Барномаи кӯмакҳои бебозгашт ва бехтатарии гуманитарӣ барои қишри васеъи аҳолӣ (GGP), ки Ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ мекунад, маросими имзои лоиҳа миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати Ҷопон дар кишвар баргузор шуд.
Ин лоиҳа дарбаргирандаи дарёфти чор адад мошини барфрӯбӣ барои эҳтиёҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мебошад.
Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, ки дар ин маросим ҳузур дошт, ба Ҳукумати Ҷопон барои пуштибонӣ аз тарҳи мазкур ва кӯмаки беғаразона изҳори миннатдорӣ кард.