Ширкаткунандагони як мулоқот бо масъули бахши кор бо ноболиғони Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе ба ҳамин савол посух ҷустанд.
Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар барои таҳсил ва тарбияи фарзандон” дар Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайати шахсӣ бо сардори шуъбаи кор бо ноболиғон ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар миёни ноболиғон ва ҷавонони РКД шаҳри Душанбе, майори милитсия У.Хоксоров баргузор шуд.
Сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе Р.Неъматзода мулоқотро ифтитоҳ кард ва гуфт, ки тарбия ва омӯзиши насли наврас ин вазифаи ҳамагонист ва ҷомеа набояд инро аз мадди назар дур кунад.
Вай ҳамчунин иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон талош дорад бо қабулу назорати иҷрои ин қонунҳо масъулияти волидонро дар тарбияи фарзандонашон баланд бардорад. Фарзанди таълимдидаву босавод ва боинтизом ояндаи кишвар аст.
Дар ин мулоқот дар атрофи ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон ва омилҳои он, ҳамчунин тадбирҳо барои пешгирӣ аз ин гуна ҳолатҳо суҳбати озод баргузор шуд. Диққати асосӣ ба он дода шуд, ки чӣ бояд кард, то волидон масъулияти бештар ҳисс кунанд ва дар кори пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб ҳиссагузор бошанд.