Мушовири Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хостори идомаи ҳамкориҳои судманд ва тавсеаи татбиқи лоиҳаи Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон шуданд.
15 – уми августи соли 2017 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода Мушовири Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Такаши Камадаро, ки вазифаи дипломатии худро дар кишвари мо ба поён мебарад, ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқоти ғайрирасмӣ ва дӯстона дурнамои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин дидор ҷонибҳо хостори идомаи таҳкими ҳамкориҳои судманд ва тавсеаи татбиқи лоиҳаи Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон “Таҳкими зарфиятҳои хатари офатҳо ва вокуниш дар Тоҷикистон”, ки Ҳукумати Ҷопон сармоягузорӣ мекунад, шуданд.
Ҷаноби Камада ба Раиси КҲФ барои мусоидат дар замони фаъолиятҳояш изҳори миннатдорӣ кард ва зикр намуд, ки Тоҷикистонро ҳоло тарк мекунад, вале дӯсти содиқи халқи тоҷик боқӣ мемонад.
Дар поёни мулоқот Рустам Назарзода ба фаъолиятҳои ҷаноби Тамаши Камада дар вазифаи Мушовири Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дод ва барояш саломатӣ ва комёбиҳо дар корҳои ояндаааш таманно намуд.