Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими расмии супурдани таҷҳизоти тибии наҷот аз номи Ҳукумати Куриёи Ҷанубӣ баргузор шуд.
Таҷҳизоти мазкурро ба Кумита Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Куриёи Ҷанубӣ Ю.Шарифзода супурд.
Дар маросим роҳбарони Кумита ва сарварони раёсатҳои КҲФ ширкат карданд.
Ин кӯмакҳо бебозгашт буда, техникаи тиббӣ ва воситаҳои электронии манекенӣ, ҷомадончаҳо барои расонидани аввалин кӯмакҳои тиббӣ, дефибрилляторҳо, дастгоҳҳои танзими кори дил, термосканҳо, занбарҳои мутаҳаррик ва ғайра буданд. Бо ин таҷҳизот бемористони ҳарбӣ ва воҳидҳои наҷоти Кумита муҷаҳҳаз карда хоҳанд шуд.
Дар поёни маросими эҳдои таҷҳизот роҳбарити Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Куриё барои расонидани ин кӯмаки бедареғи техникӣ изҳори миннатдорӣ кард ва хостори густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда шуд.