Дар иншоотҳои оббозӣ бояд чӣ рафторе дошт, ки аз ҳодисаҳои нохӯш пешгирӣ шаванд?
Ин мавзуъи суҳбати кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии То ҷкистон дар мулоқоташон бо истироҳаткунандагони лагерҳои “Чангоб”-и ноҳияи Ҳисор, “Қаратоғ”-и Турсунзод ва “Чайка”-и Варзоб буд, ки ахиран баргузор шуд. Мутахассисони Кумита бар ин назаранд, ки маълумоте, ки онҳо ба бачаҳо ироа медоранд, танҳо барои имрӯз нест, он метавонад барои солҳои оянда низ муфид бошад.
Дар дидору мулоқот сухан аз қоидаҳои бехатарӣ дар обҳо ҳангоми оббозӣ мерафт. Воқеъан ҳам ин як масъалаи доғи рӯз аст, чун ҳамеша оббозӣ хатарҳое ба дунбол дорад, бахусус агар бачаҳо қоидаҳои онро надонанд.
Дар лагерҳои истироҳативу табобатӣ барои бошандагон ҳавзҳои махсус ҷудо шудаанд ва ин ҳавзҳо боз ҷойҳое доранд, ки оббозӣ дар он макон мамнуъ аст.
Кормандони Кумита аввал ин масъалаҳоро мавриди суҳбат қарор доданд, яъне риояи қоидаҳои будубош дар лагерҳо, ки ба амнияти онҳо иртибот дорад.
Баъдан, оид ба қоидаҳои ҳузур дар соҳили обҳо, оббозӣ ва зарурати риояи ҳама чораҳои бехатарӣ ҳарф заданд. Ва гуфтанд, ки воситаҳои наҷот чӣ гуна ва кай истифода мешаванд.
Ба бачаҳо қоидаҳои наҷоти ғарқшудагон ва расонидани кӯмакҳои аввалияи тиббиро омӯзиш доданд. Аввал инро дар шакли викторина ва ҳар гуна бозиҳои саргармкунанда фаҳмониданд. Сипас, ба қароре омаданд, ки ин ҳамаро амалан нишон диҳанд. Бачаҳо аз шавқ гуфтанд, ки ҳоло розианд дар лагерашон ин гуна чорабиниҳо ҳамарӯза доир шаванд.
Мутахассисон ба бачаҳо гуфтанд, ки бозӣ дар назди ҳавзҳо хатар дорад, дар ин ҳол набояд бачаҳо бо шӯхӣ ҳамдигарро ба об тела диҳанд ва ё дар ҷараёни оббозӣ бозӣ ба бозӣ сари ҳамдигарро ба об зер накунанд, ки нафасгир шудаву мурдани он эҳтимол дорад. Ва дар поёни ҳамаи ин вохӯриҳо ба бачаҳо варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда мешуданд.
Ҳадафи аслӣ ин омӯзиши атфол ва водор кардани онҳо ба риояи қоидаҳои бехатарӣ аст.
Дар замони таътили тобистона ва дар гармои шадид кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бештар аз ҳар вақти дигар ба лагерҳои истироҳатӣ мераванд, то бо бошандагони он суҳбатҳои омӯзандаву дарсҳои омӯзишӣ дар мавриди риояи қоидаҳои бехатарӣ баргузор кунанд.