Поёни як давраи омӯзишии дигар барои кормандони КҲФ

Мувофиқи Нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои ҳолатҳои фавқулода дар соли 2021 рӯзҳои 29-30 сентябри соли 2021 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии КҲФ дарсҳои омӯзишб барои роҳбарон ва шахсони масъули марказҳои таълимии ВМКБ, вилоятҳои Сугд, Хатлон, шаҳри Душанбе, ҳамчунин гурӯҳи ноҳияҳои Рашт ва Кӯлоб баргузор шуд.

Дар маросими ифтитоҳи дарсҳои омӯзиши муовини Раиси КҲФ, полковник С.Исозода ва намояндагони барномаи САҲА дар шаҳри Душанбе ширкат намуданд.  

Мавзӯъи омӯзиш “Барномаҳо барои омодагии ҳайати роҳбарӣ дар ҳоли ба вуҷуд ом адани ҳолатҳои фавқулода” буд. Ин дарсҳо бо кумаки молиявии Дафтари Намояндагии САҲА дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ширкаткунандагони давраи омӯзишӣ бо таҳрири нави “Барномаҳои омӯзишии ҳайати роҳбарии мудофиаи гражданӣ дар ҳолатҳои фавқулода” шинос карда шуданд, ки барои баррасӣ ба ҷаласаи Коллегия пешниҳод хоҳад шуд.

барчасп: