Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз бодҳои шадид, хокбод ва боду борон дар ду-се рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ба самъи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки муддати 24 соати оянда дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи марказ хокбод боқӣ мемонад.

Рӯзҳои 1-2 октябри соли 2021 вазиши шамоли сахт бо суръати 15-20 м/с пешбинӣ мешавад, ки ин боис мегардад хокбориш дар қаламрави навоҳии ёдшуда бештар шавад.

Рӯзҳои 2-3 октябр ҳаво муътадил мешавад, ҳарорат 6-9 дараҷа коҳиш меёбад. Рӯзи 3-уми октябр дар қаламрави баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд ва ноҳияҳои  тобеъи ҷумҳурӣ боридани борони шашдид дар назар аст.

Рӯзҳои 3-4 октябр боронҳои шадид дар ноҳияҳои кӯҳистон ба барфи тар табдил мешаванд. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад ба хотири бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ, ағбаҳо эҳтиёткор бошанд. Ронандагон қоидаҳои маъмулии ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя намоянд.

  • Аввалан пеш аз сафар мошинҳои худро санҷанд;
  • ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо фосилаи бештар аз фосилаи маъмулиро барои ҳаракат интихоб намоянд, зеро дар вақти боду борон ва ҳавои сард роҳҳо метавонанд лағжонак шаванд;
  • бо худ ҳатман либоси гарм гиранд, фонус дошта бошанд, бели хурд барои эҳтиёт, банд, бушкаи эҳтиётӣ барои бензин ва дигар сӯзишворие, ки барои мошин лозим аст, гӯгирд ва термос бо оби гарм дошта бошанд;
  • дорухонаи мошинро ҳатман бо доруҳои нав иваз кунанд;
  • агар шумо мошини худро сари вақт барои сафари роҳи дур омода накарда будед, пас хеле хуб мешуд агар аз сафар худдорӣ кунед;
  • тавсияҳои БДА, КҲФ-ро дар мавриди маҳдуд намудани ҳаракати мошинҳо дар сурати резиши санг ҷиддан риоя намоед;
  • шабона ва дар ҳавои торик ҳаракат дар роҳҳоро  маҳдуд кунед.

КҲФ аз сокинон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба чарогоҳ, ғунучини ҳезуму доруворӣ ва шикор ё моҳидорӣ худдорӣ намоянд. 

Ҷони худ ва атрофиёни худро эҳтиёт кунед!

барчасп: